барқияҳо
Номаҳои табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба сарони кишварҳои узви ИДМ
8 май Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба муносибати 67 - умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба унвони сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил номаҳои табрикӣ ирсол намуд.
Дар навбати худ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, собиқадорони ҷанг ва мардуми Тоҷикистонро Владимир Путин, Президенти Федератсияи Русия, Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Беларус, Виктор Янукович, Президенти Украина, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, Президенти Туркманистон ва Ислом Каримов, Президенти Ӯзбекистон, ба муносибати ҷашни Ғалаба табрик намуданд.
Ирсоли номаҳои табрикӣ ба унвони Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, идома дорад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.05.12 №: 61 Мутолиа карданд: 3429