logo

президент

Сафари кории Президент ба ноҳияи Данғара

17 май Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, барои доир намудани машварати корӣ бо фаъолон ва кишоварзони вилояти Хатлон ба ноҳияи Данғара сафар кард.
Ташрифи Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба ноҳияи Данғара аз мавзеи Сомонҷони Ҷамоати деҳоти Лолазор оғоз ёфт.

Зимни боздид аз заминҳои гандуми хоҷагӣ аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки имсол кишоварзони ноҳияи Данғара метавонанд ҳосили фаровони ғалладона ва меваю сабзавот рӯёнанд. Хуб ба роҳ мондани коркарди агротехникӣ, ки сол ба сол рӯ ба беҳбудӣ дорад, аз сабабҳои асосии пешрафти кор арзёбӣ гардид.
Роҳбарият ва аҳли заҳмати хоҷагии Сомонҷон бо ҷалби мутахассисони хуби соҳа таҷрибаҳои пешқадами кори кишоварзиро дар бахшҳои ғаллакорӣ, сабзавоткорӣ, боғутокпарварӣ ва ҳам парвариши чорвои хурду калон ба роҳ мондаанд.
Дар мавзеи Офтобрӯи Ҷамоати деҳоти Лолазор Эмомалӣ Раҳмон - Сарвари давлат ва ҳайати ҳамроҳи ӯ дар ҳашари умуминоҳиявии дарави алафҳои табиӣ ва ҷамъоварии хӯроки дурушти чорво иштирок намуданд.
Барои дарави дастаҷамъӣ ва фаровон захира кардани хошоки дурушт ба ин мавзеи беканори сералаф ҳазорон нафар даравгарон, даҳҳо алафдаравҳои аспию тракторӣ ва техникаю таҷҳизоти ғундорандаю тойбандӣ сафарбар шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, таъкид дошт, ки дар сурати хуб ҷамъоварӣ ва захира кардани алафҳои табиӣ ноҳияи Данғара метавонад натанҳо талаботи худро пурра бо хӯроки дурушти чорво таъмин намояд, балки ба ноҳияҳои зиёди дигар низ ёрӣ расонад.
Бо ёдоварӣ аз зимистони шадиду тӯлонии гузашта ва ба норасоии хӯроки чорво рӯ ба рӯ омадани бештари чорводорони кишвар, ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳои дигари вилояти Хатлон низ, ки дар он ҷо ҳузур доштанд, дастур дода шуд, ки мардумро ба дарави алафҳои табиӣ ва ҷамъоварии саривақтии хӯроки дурушти чорво сафарбар намоянд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ҳамчунин аз намоишгоҳи чорвои хушзот ва маҳсулоти кишоварзони вилояти Хатлон дидан карда, барои ҷоннок намудани корҳои зарурӣ ба масъулин дастуру ҳидоятҳо дод.
Зимни боздид аз натиҷаҳои фаъолияти хоҷагиҳои чорвопарвари шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ҷумла аён гардид, ки корҳо доир ба афзун намудани саршумори чорво, беҳсозии зотҳои сермаҳсул ва истеҳсоли маҳсулоти хушсифати чорво рӯ ба беҳбудӣ доранд. Дар ин ҷо зотҳои сермаҳсули чорвои шохдори калон, аз ҷумла сиёҳало, швитсу зебу, сарсафеди қазоқӣ, қалмиқӣ, абердину ангуссиро ба намоиш бароварда буданд. Чунонки зикр гардид, говҳои дӯшои баъзе зотҳои сермаҳсули дар ин ҷо пешниҳодшуда дар як рӯз то 40 литр шир медиҳанд.
Гӯсфандпарварон низ зотҳои сермаҳсули ин навъи чорво, аз ҷумла ҳисорӣ, қароқулӣ, танкаронӣ, маҳинпашми дарвозӣ ва ҳамчунин бузи хушзоти ширдеҳро ба намоишгоҳ пешниҳод карда буданд.
Зимни боздид аз намоишгоҳи меваю сабзавот бошад, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки имсол боғдорону сабзавоткорони вилояти Хатлон ҳосили фаровони меваю сабзавоти барвақтӣ ба даст оварда, дар баробари пешкаш ба бозори дохилӣ, ҳамчунин содироти онро ба хориҷи кишвар васеъ ба роҳ мондаанд. Тавре иттилоъ дода шуд, деҳқонони вилоят дар майдони беш аз 5 ҳазор гектар пиёзи барвақтӣ кишт кардаанд ва зиёда аз 200 ҳазор тонна ҳосил бояд ҷамъоварӣ намоянд. Танҳо дар ноҳияи Қумсангир дар майдони 780 га пиёзи барвақтӣ кишт шудааст. Дар майдони 4 ҳазор га заминҳои вилоят картошкаи барвақтӣ кишт намудаанд, ки нисбат ба соли гузашта 25% зиёд аст. Ба иттилои деҳқонону боғпарварон, имсол ҳосили фаровони пиёз, картошка, сабзӣ, карам ва помидору бодиринги барвақтӣ ва ҳамчунин зардолу, гелос, тут, қулфинай ва дигар меваҳои хушлаззати пешпазак бояд рӯёнда шавад.
Дар суҳбат бо деҳқони асили ноҳияи Қубодиён Сафар Нуриддинов маълум шуд, ки ӯ соли гузашта дар ҳар гектар замини пиёзи барвақтӣ 4 ҳазор сомонӣ хароҷот карда, 56 ҳазор сомонӣ фоидаи соф гирифтааст.
Дар ҳамин мавзеъ Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, бо фаъолон ва кишоварзони вилояти Хатлон машварати корӣ доир намуда, дар назди онҳо доир ба рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла бахши парвариши меваю сабзавот, ғаллакорӣ, пахтакорӣ, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ дар заминҳои корами обӣ, беҳтар намудани зоти чорво ва боло бурдани маҳсулнокии он, афзун намудани саршумор ва фаровон захира кардани хӯроки чорво вазифаҳои мушаххас гузошт. Аз ҷумла, дастур дода шуд, ки бо хуб ба роҳ мондани дарав ва ҷамъоварии алафҳои табиӣ барои ду сол хӯроки дурушти чорво захира карда шавад. Супориш дода шуд, ки ғаллаи дар заминҳои обӣ киштшударо ба зудӣ ҷамъоварӣ карда, дар ҷойи он кишти такрориро ба роҳ монанд ва истеҳсоли сабзавотро афзун намоянд. Таъкид гардид, ки барои зиёд кардани истеҳсоли маҳсулот, пурра таъмин намудани бозори истеъмолии дохилӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар аз тамоми имкону захираҳои мавҷуда васеъ истифода бояд бурд.
Супоришҳои мушаххас доир ба бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, муҳайёсозии ҷойҳои иловагии корӣ, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти ин соҳа ва ҳамчунин доир ба таълиму тарбияи дурусти насли наврас ва риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ дода шуд.
Дар фароварди машварат бори дигар таъкид гардид, ки аз зимистони шадиду тӯлонии гузашта ва мушкилоти зиёди пешовардаи он хулосаҳои дуруст бароварда, аз ҳозир ба зимистони оянда омодагии ҷиддӣ бинанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.05.12    №: 65    Мутолиа карданд: 32388
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед