logo

мулоқотҳо

Эмомалӣ Раҳмон Дэвид Робсонро ба ҳузур пазируфт

18 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон президенти ширкати «Тетис Тоҷикистон лимитед» Дэвид Робсонро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории ин ширкат бо Тоҷикистон дар соҳаи истихроҷи газу нафт баррасӣ шуд. Дэвид Робсон ба Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба натиҷаи омӯзиши конҳои нафту гази Тоҷикистон, ки ширкати «Тетис Тоҷикистон лимитед» дар ихтиёр дорад, гузориш дод. Аз ҷумла зикр гардид, ки аллакай истихроҷи газ дар кони Комсомоли наздикии шаҳри Душанбе ва кони Хоҷасартези шаҳри Кӯлоб оғоз ёфтааст ва рӯзҳои наздик интиқоли он ба ду шаҳр ба роҳ монда мешавад.  Ширкати «Тетис Тоҷикистон лимитед» ният дорад, ки зимистони равон ба шаҳри Душанбе дар ҳар шабонарӯз аз 15 то 100 ҳазор метри мукааб гази табиӣ интиқол диҳад.
Дэвид Робсон Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчунин бовар кунонд, ки ширкати «Тетис Тоҷикистон лимитед» то охири соли 2010 метавонад дар таъмини пурраи аҳолӣ ва саноати  Тоҷикистон бо гази табиӣ нақши намоён гузорад. «Барои расидан ба ин ҳадаф вориднамоии техникаю таҷҳизот, технологияи иловагӣ  ва ташкили корҳои омӯзишию истихроҷӣ бо сифат ва суръати баланд идома доранд»- таъкид намуд Девид Робсон. Ба андешаи ӯ Тоҷикистон имкон дорад, дар давоми ду-се соли оянда эҳтиёҷоти худро бо гази табиии худӣ пурра таъмин намояд.
Дэвид Робсон пешрафти намоёни фаъолияти ширкати «Тетис Тоҷикистон лимитед»-ро  ҳамчун нишонаи возеҳ аз фазои мусоиди сиёсӣ ва инвеститсионии Тоҷикистон арзёбӣ намуд.
ӯ ҳамчунин иттилоъ дод, ки ширкати мазкур мутобиқи созишномаи нави бо Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон баимзорасида бо сарфи 10 миллион доллари амрикоӣ корҳои зилзиласанҷиро низ ба роҳ мемонад.
Дар мулоқот оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ низ гуфтугӯ сурат гирифт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5817
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед