номаҳо
Обҳои шифобахши Бадахшонро
дастраси мардум
бояд намуд
Оби зулолу шифобахши чашмаи «Авҷ»-и ноҳияи Ишкошим шуҳратёр аст. Мутаассифона, он бо сабаби дурии роҳ танҳо ба гурӯҳи бисёр ками аҳолии кишвар дастрас мебошад. Яъне онҳое метавонанд аз ин об нӯши ҷон кунанд, ки роҳи дарозро бо мақсади муайяне тай намуда, ба ин мавзеъ меоянд ва ё дар ин гӯша ва гирду атрофи он иқомат доранд.
Аслан ҷойи таассуф аст, ки дар асри XXI, асри рушду тараққиёт оби ин чашма беҳуда ба дарёи Панҷ мерезаду аз он истифода намегардад. Магар мушкил аст бунёд кардани сехе, то ин оби зулолу газноку шифобахш тавассути шишаҳо ба мардуми тамоми манотиқи кишвар дастрас шавад? Дар ин ҳол боз чанд нафаре ҷойи кор пайдо мекунад ва ҳам мардум ба даҳҳо дард даво меёбад.
Дар мавриди ба хориҷи кишвар баровардани ин об алҳол чизе намегӯям.
Оре, ман дар ин нома танҳо масъалаи оби чашмаи «Авҷ»-ро гузоштам. Обҳои «Гармчашма», «Бибӣ Фотимаи Заҳро» ва дигар чашмаҳои Бадахшонро низ дар баробари «Авҷ» мебояд дастраси мардум намуд.
Бовар дорам, ки бо нашри ин нома масъулон сари ин масъалаи муҳим меандешанд ва тадбир меҷӯянд.
Мастибек САИДБЕКОВ,
ноҳияи Ишкошим
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.05.12 №: 65 Мутолиа карданд: 4934