номаҳо
Маро «ӯ»
ба ташвиш овардааст
Пас аз чанд моҳ дар макотиби таҳсилоти олии касбии кишвар довталабон имтиҳонҳои қабул месупоранд ва ҳам иншо менависанд. Ман низ, Худо хоҳад, дар ин шумор хоҳам буд. Агарчи барои ин тайёрии хуб дидаам, аммо дар дил тарс дорам. Дар асл тарси ман, аз нобоварӣ ба худ нест. Намедонам инро чӣ гуна баён кунам. Маро муаммои қоидаҳои имлои нав, хоса истифодаи «ӯ», ба ташвиш овардааст. Агар иншои маро бо меъёри нав бисанҷанд, шояд баҳои «хуб» ё «аъло» гирифта натавонам. Чаро? Чунки ба қоидаҳои имлои нав ва истифодаи дурусти «ӯ» ошноии хуб надорам. Чандин омӯзгорони фанни забон ва адабиёти тоҷик низ, фикр мекунам, ки ба моҳияти масъала пурра сарфаҳм нарафтаанд. Аз ин рӯ, аз масъулони Вазорати маорифи кишвар хоҳиш мекунам, ба ин ҷиҳат низ аҳамият бидиҳанд. Яъне барои як ё ду соли дигар омӯзгорон дар санҷиши иншоҳои навишташудаи довталабон аз меъёрҳои куҳна истифода баранд. Дар ин муддат луғати имло ба табъ мерасад, омӯзгорон ба хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ қоидаҳои нави имлоро мефаҳмонанд.
Д. НАСИМОВ,
шаҳри Қурғонтеппа
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.05.12 №: 65 Мутолиа карданд: 4729