номаҳо
«Сада»
нашъунуму
мехоҳад
Матбааи «Сада»-и шаҳри Кӯлоб бо ҳамон дастгоҳҳои куҳнаи чопӣ фаъолият дорад ва ин фаъолият чашмрас нест. Аз ин рӯ, чандин рӯзномаҳои минтақа дар шаҳри Душанбе ба табъ мерасанд. Маълум аст, ки масъулони рӯзномаҳо дар ин ҳол ба чӣ мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Шоиру нависандагон ҳам барои нашри китобашон ба пойтахти кишвар мераванд.
То ҷое ки мо огоҳ ҳастем, ин матбаа дар чанд соли охир ягон ёрии асосӣ нагирифтааст. Он ба таҷҳизоти компютерӣ таъмин нест.
Албатта, дар ин маврид мардум сари вақт аз ҳодисаву навигариҳои сиёсиву фарҳангиву иҷтимоиву иқтисодии кишвар бохабар шуда наметавонад.
Бо чунин ҳоли ногувор, маълум аст, ки соҳа рушд намекунад ва мутахассисону рӯзноманигорони ҷавон ба воя намерасанд. Ин вазъи номатлуб мо - рӯзноманигорони минтақаро низ ба ташвиш овардааст.
Бисёр мехоҳем бидонем, ки оё ин масъала дар солҳои наздик ҳалли худро меёбад?
Низом БАРОТ,
раиси бахши Кӯлоби Иттифоқи журналис-тони Тоҷикистон,
Саймаҳмуд ҶОБИРӢ,
узви Иттифоқи журналистони
Тоҷикистон, шаҳри Кӯлоб
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.05.12 №: 65 Мутолиа карданд: 4992