номаҳо
Бойгониро Ҳукумат бояд соҳибӣ кунад
Бо даргузашти Раҳмон Сафар, ҷангноманавис, аз ин дунё, меандешидам, ки тақдири бойгонии ӯ ба чӣ меанҷомад. Ва ҳам ба худ суол медодам, ки онро кӣ соҳиб мешавад ва чӣ гуна мавриди омӯзиш қарор мегирад? Охир ҳар ватандӯсти асил медонад, ки ин сарсупурдаи миллат бо мушкилоти зиёд маълумоти нодирро дар мавриди иштирокчиёни беному нишонгардидаи Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 низ аз шаҳру ноҳияҳои Русия ва дигар кишварҳо ҷамъ овард. Муҳаққиқ бо пажӯҳиши ҳуҷҷатҳои боэътимоди таърихӣ оиди кору пайкори ин қаҳрамонон китоб ва мақолаҳои зиёдеро таълиф намуд ва ба нашр расонид. Бо ин ҳама аз бевафоии умр «Ҳазору як корнома» нотамом монд.
Чанд рӯз пеш, дақиқтараш 8 майи соли равон, дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» навиштаеро бо номи «Раҳмон Сафар кори як пажӯҳишгоҳро анҷом додааст» дидаму бисёр хурсанд шудам. Гуфтам, ки ҳатман ба пурсиши худ посух меёбам. Ва ёфтам. Неля Сафарова, ҳамсари ин ҷангноманавис, изҳор доштааст, ки бойгониро ба ноҳияи Ховалинг бурдаанд.
Оре, посух ёфтам, аммо аз ин посух ғамгин гардидам. Ғами ман аз он аст, ки бойгонӣ дар ноҳияи дурдасти куҳистон наомӯхта мемонад. Дар ин навишта Абдулҳамид Самадов, Нависандаи халқии Тоҷикистон, пешниҳоди хуб намудааст, ки «Бойгонии ӯ (Раҳмон Сафар) таъриху тақдири ҳамватанони мост. Ҳукумат бояд онро соҳибӣ кунад. Чун сарвати миллӣ дар назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳо ҳифз ва нигоҳубин шавад».
Фикр мекунам, ки ин пешниҳодро мепазиранд ва дар мавриди пажӯҳиши бойгонӣ ҳар чи зудтар чораҳои зарурӣ меандешанд.
Файзиддин ҲУСЕЙНОВ, ноҳияи Рӯдакӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.05.12 №: 65 Мутолиа карданд: 4846