қонунҳои ҶТ
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 ноябри соли 2011 "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, № 11, мод. 773; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2012, № 798; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2012, № 829) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- ба моддаи 18 қисми ҳаштум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Таҷҳизоти технологию истеҳсолие, ки аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Зерновая компания" бо мақсади ташаккул ё пурра кардани фонди оинномавӣ дар доираи як қарордод ворид карда мешавад, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шавад.";
- ба қисми якуми моддаи 23 пас аз калимаҳои "маблағҳои грант ва сарпарастӣ," калимаҳои "маблағҳои махсуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа" илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2012 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 22 майи соли 2012, № 830
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид
намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012" қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 16 майи соли 2012, № 764
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.05.12 №: 66 Мутолиа карданд: 3867