мулоқотҳо
Мулоқот бо ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ
21 май Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, Филипп Л ВЭҒУ, ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказиро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунпаҳлуи Тоҷикистону ин муассисаи ҷаҳонии молиявӣ баррасӣ шуданд.
Филипп Л ВЭҒУ аз рафти Конфронси минтақавӣ доир ба муҳоҷират дар Душанбе, ки ҳадафи асосии сафараш ба Тоҷикистон мебошад, изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки Бонки ҷаҳонӣ омода аст дар беҳсозии идораи раванди муҳоҷират, аз ҷумла ташкили ҳунаромӯзии муҳоҷирони эҳтимолӣ, мусоидати худро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ афзун намояд.
Баррасии роҳҳои судбахши дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ аз мавзуъҳои асосии суҳбат буд.
Ҳар ду ҷониб ҳавасмандии устувори худро ба густариши ҳамкорӣ, аз ҷумла дар татбиқи лоиҳаҳои минтақавии инфрасохторӣ таъкид намуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.05.12 №: 66 Мутолиа карданд: 2116