logo

илм

Эдгард Биммер ба зарраҷарроҳии тоҷик баҳои баланд дод

Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба ифтихори 90-умин солгарди зодрӯзи олими намоёни тибби муосир, доктори илмҳои тиб, профессор Саттор Раҳимов, конфронси илмию амалии олими ҷавон ва донишҷӯён дар мавзӯи "Тибби муосир дар Тоҷикистон: мушкилот, дастовард ва дурнамои рушди он" баргузор гардид.
Ин табиби тоҷик беш аз 25 соли ҳаёти худро ба рушди инкишофи илми ҷарроҳии муосири тоҷик ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳа сарф намудааст.
- Боиси сарфарозист, ки пажӯҳишҳои тиббии оғознамудаи Саттор Раҳимовро имрӯз даҳҳо шогирдони болаёқат ва олимони ҷавону донишҷӯёни соҳибистеъдод бомуваффақият идома медиҳанд. Масъалаҳои мубрами тибби муосир диққати олимону донишҷӯёни донишгоҳи моро беш аз пеш ба худ ҷалб менамоянд, - зикр намуд дар сухани ифтитоҳӣ  Убайдулло Қурбонов, ректори донишгоҳ.
Соҳиб Раҳмонов, муовини вазири тандурустии ҷумҳурӣ, дастовардҳои тиббии олимону донишҷӯёнро дар замони истиқлолият дар ҷумҳурӣ назаррас арзёбӣ кард. Назар ба гуфтаи мавсуф дар қаламрави ҷумҳурӣ бемориҳои сироятӣ назар ба соли 1994 панҷ маротиба коҳиш ёфтааст. Имрӯз дар Тоҷикистон ҷарроҳиҳои мураккаби дилу рагҳо ва иваз намудани узвҳои инсон бо истифода аз таҷҳизоти муосири тиббӣ васеъ ба роҳ монда шудааст. Агар шаҳрвандони Тоҷикистон қаблан барои муолиҷа ба хориҷи кишвар мерафтанд, имрӯз хориҷиён ба мамлакати мо меоянд.
Эдгард Биммер, профессори Донишгоҳи шаҳри Мюнхени Олмон, яке аз аввалин зарраҷарроҳи сатҳи ҷаҳонист, ки Убайдулло Қурбонов рисолаи докториро таҳти роҳбарии ӯ ҳимоя намудааст, ба рушди тибби муосир дар Тоҷикистон, хоса ба зарраҷароҳии тоҷик, баҳои баланд дод.
Дар конфронс 149 маърӯза оид ба бемориҳои дарунӣ, қалб, масоили ҷарроҳии умумӣ, бемориҳои атфол, дандонпизишкӣ, тибби назариявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар кори он олимони ҷавон ва донишҷӯён аз Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Қазоқистон низ ширкат намуданд.

М. САФАР,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.05.12    №: 67    Мутолиа карданд: 4997
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед