мулоқотҳо
Мулоқот бо муовини дабири кулли СММ
31 май Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Юрий Федотов, муовини дабири кулли СММ, мудири иҷроияи раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткориро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамгироии дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати мазкури Созмони Милали Муттаҳид дар самти мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир ва дигар таҳдиду хатарҳои муосири олам баррасӣ гардиданд.
Ҷонибҳо аз ҷараёни рушди мунтазами ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Тавре Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, таъкид сохт, "Тоҷикистон пурра тарафдори муборизаи муштарак алайҳи таҳдиди қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккилона буда, манфиатдори тақвияти минбаъдаи он аст". "Дар ҷодаи расидан ба ин мақсадҳо, мо омодаем тамоми чораҳои заруриро андешем", - афзуд ӯ.
Президенти Тоҷикистон талошҳои пайвастаи раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткориро дар таҳкими иқтидори кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, дар мубориза алайҳи қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир баланд арзёбӣ намуд.
Қайд гардид, ки намунаи самаранокии чунин талошҳо фаъолияти муассири Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки бо дастгирии бевоситаи Созмони Милали Муттаҳид таъсис ёфта, амал мекунад.
Дар ҷамъбасти мулоқот Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, ибрози умедворӣ намуд, ки раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ минбаъд низ ҷиҳати тавсеаи имконоти Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир ҷаҳду талош хоҳад варзид.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 2.06.12 №: 69-70 Мутолиа карданд: 2253