барқияҳо
29 май Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба муносибати 20 – солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатии байни ду кишвар ба Илҳом Алиев, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон, барқияи табрикотӣ ирсол дошт, ки дар он омадааст:...
Муҳтарам Илҳом Ҳайдарович,
Ба муносибати 20 – солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии байни кишварҳоямон Шумо ва халқи дӯсти Озарбойҷонро бо қаноатмандии бузург муборакбод менамоям.
Хурсандибахш аст, ки тайи солҳои баъди ин воқеаи бароямон таърихӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон муносибатҳои мавҷудаи чандинасраи дӯстӣ ва некхоҳии мутақобилаи байни халқҳояшонро собитқадамона ривоҷ медоданд.
Бо саъю кӯшишҳои якҷоя таҳкурсии муносибатҳои байнидавлатӣ - заминаи шартномавию ҳуқуқӣ гузошта, ба кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ибтидо гузошта шуд, робитаҳои фарҳангию гуманитарии ду кишвар тадриҷан мустаҳкам мегарданд, муколамаи сиёсии мо, аз ҷумла дар сатҳи баланд ривоҷу густариш меёбад.
Ин дастовардҳо, ки дурнамои хуби рушди минбаъдаи ҳамкории мутақобилан муфиди Тоҷикистону Озарбойҷонро фароҳам меоранд, ба мо ҳамаи асосҳоро фароҳам меорад, ки ба оянда дилпурона назар афканем.
Омодагии хешро ба фаъолияти минбаъдаи муштарак ҷиҳати ба ҳамкории кишварҳоямон бахшидани мазмуни нав иброз дошта, ба Шумо, муҳтарам Илҳом Ҳайдарович, тансиҳатии бардавом, дар фаъолияти масъулиятнокатон беҳбудию муваффақиятҳо ва ба халқи дӯсти Озарбойҷон сулҳу дастовардҳои навро дар амри татбиқи сиёсати миллӣ баҳри пешрафту шукуфоӣ орзу мекунам.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 2.06.12 №: 69-70 Мутолиа карданд: 3351