барқияҳо
29 май Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Шайх Ҳамад ибни Халифа Оли Сонӣ, Амири Давлати Қатар, барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:...
Волоҳазрат, Амири билод,
Аз хабари рух додани сӯхтор дар маркази тиҷоратии ад-Давҳа, ки ба ҳалокати 19 нафар оварда расонидааст, огоҳ гашта, ниҳоят андӯҳгин шудам. Махсусан ҳалокати 13 нафар атфол маро сахт ғамгин сохт.
Таманно дорам, ки боқимонда осебдидагони ин фоҷиа ҳар чи зудтар шифои комил ёбанд.
Хоҳишмандам тасаллият ва ҳамдардии маро ба наздикони ҳалокшудагон бирасонед. Худо ҷояшонро ҷаннат ва маъвои охираташонро пурнур гардонад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 2.06.12 №: 69-70 Мутолиа карданд: 3445