барқияҳо
Барқияи табрикӣ
ба Владимир Путин,
Президенти
Федератсияи Русия
12 июн Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бинобар сабаби таҷлили солгарди қабули Эъломия дар бораи Истиқлолияти давлатии Федератсияи Русия барқияи табрикӣ фиристод, ки дар он аз ҷумла чунин омадааст:
Владимир Владимировичи муҳтарам,
Бинобар сабаби таҷлили солгарди қабули Эъломия дар бораи истиқлолияти давлатии Федератсияи Русия табрикоти сидқию самимии маро қабул фармоед.
Тоҷикистон ба сатҳи ба дастомадаи муносибот ва ҳамкориҳои стратегии байни ҳар ду кишвар баҳои баланд медиҳад.
Изҳори умед мекунам, ки талошҳои муштараки мо ба ҳамкориҳои судманди миёни ҳар ду кишвар неруи тоза мебахшад. Шуморо бовар мекунонам, ки ҷониби Тоҷикистон ҳамаи имкониятҳоро барои дар амал татбиқ намудани қарордодҳо дар бораи вусъат ва тақвияти минбаъдаи муносиботи дуҷониба истифода мекунад.
Дар ин рӯзи фархунда иҷозат диҳед ба Шумо, Владимир Владимировичи муҳтарам, дар татбиқи нақшаҳо ва талошҳои Шумо, ки ба шукуфоии Русия ва таҳкими мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ равона гардидаанд, тандурустии комил ва комёбиҳои беназир, ба халқи дӯсти он- сулҳу некӯаҳволиро таманно намоям.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.06.12 №: 74 Мутолиа карданд: 3426