номаҳо
Содаву фаҳмо нависед
Аз шумо, қаламбадастон, хоҳиш мекунам, ки барои матбуоти даврӣ содаву фаҳмо нависед. Мураккабнависӣ нишони истеъдоду бузургӣ нест. Агар бовар намекунед, як бори дигар ба ашъори Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Умари Хайём, Саъдии Шерозӣ, Ҷалолиддини Румӣ рӯ биёред.
Аксар навиштаҳоятонро мехонему таҳлил менамоем. Баъзе вожаҳоро маҷбуран, маънои онро надониста истифода мекунед. Бияндешед охир, ки ин ғалати шуморо баъд мардум кӯр-кӯрона тақлид месозад. Ҳамин тавр забон асолаташро гум намуда, махлут мешавад. Ин забон барои ифодаи ҳама мақсад вожаҳои зебову рехтаи зарурӣ дорад. Онро аз бегонагон ва ҳам аз кишварҳои ҳамсояву ҳамзабон бе ҳеҷ зарурат нагиред.
Фаромӯш накунед, ки аксари аҳолии кишвар дар деҳот зиндагӣ ба сар мебаранд ва ба "ихтироъ"-ҳои шумо ошно нестанду онҳоро пазируфта наметавонанд.
Суханрониҳои Эмомалӣ Раҳмон -Сарвари давлатро ҳамаи мо шунидаем. Китобҳояшро аксари мо хондаем. Бисёр равону фаҳмову ҳадафрасанд. Ягон вожаву ибораи душворфаҳм надорад. Ҳол он ки баъзан мавзӯъ ва муҳтаво водор месозад, ки аз рӯи зарурат баъзе истилоҳҳои мураккаби барои на ҳама фаҳморо истифода барад.
Бисёр мехоҳам, ки барои тамоми воситаҳои ахбори оммаи кишвар ин забон, забони Сарвари давлат чун забони меъёр пазируфта шавад. Агар ба ин иқдом рӯ наорем, намедонам забони давлатиро чӣ сарнавишти баде интизор аст.
Яҳёхони ТУРСУНЗОД,
шаҳри Исфара
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.06.12 №: 79-80 Мутолиа карданд: 4915