номаҳо
Кӯдакдуздро дидему…
Ин ҳодиса 10 июни соли равон рух дод. Кӯдакони нисбатан калонсоли ҳамсояҳо хабар доданд, ки зане се кӯдаки 3-4-солаи моро аз назди бино бо худ бурд. Давидему ба ӯ расидем ва кӯдаконамонро аз дасташ раҳо кардем. Аммо се кӯдаки дигар ҳамроҳаш буд. Дар авҷи эҳсос ва саргарми раҳоии кӯдакони худ, рости гап, ба онҳо таваҷҷуҳ накардем. Чун ба худ омадем, пушаймон шудем. Оре, ҳатто ба хотирамон ҳам наёмад, ки ба нозири шуъбаи минтақавӣ занг занему сурати ҳодисаро баён кунем.
Муроди ман аз иншои ин нома чист? Пеш аз ҳама масъулиятшинос бошем, кӯдаконро беназорат, агарчи дар назди хонаамон ҳам бошанд, нагузорем. Баъдан дар чунин маврид дар банди эҳсосот набошему тадбири дуруст биандешем. Яъне чунин дуздонро дастгир карда ба мақомоти дахлдор бисупорем. Агар зӯрамон нарасад, бояд расмашро бигирему зуд ба шуъбаи корҳои дохилӣ хабар бирасонем.
Н. АМИРОВА,
кӯчаи Н. Ҳувайдуллоев, ноҳияи Сино
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.06.12 №: 79-80 Мутолиа карданд: 4855