номаҳо
Ба доди мо кӣ мерасад?
Соли гузашта ҳангоми шурӯи мавсими сохтмон, яъне дар фасли баҳор, нархи як халта семент 35 сомонӣ буд ва то охири мавсим он 48 сомонӣ шуд. Имсол бошад, он аз 50 сомонӣ то ба 75 сомонӣ расидааст. Чун тоҷиронро сабаб мепурсӣ, баҳона пеш меоранд, ки гӯё боҷи гумрукӣ боло рафтаву сӯзишворӣ қимат шудааст. Аксари мардум бар онанд, ки ҳамаи ин баҳонае беш нест ва нархро тоҷирон ба таври сунъӣ боло бурдаанду дигар поён фаровардан намехоҳанд. Акнун маро ғам аз он аст, ки иншоотҳои ёрирасони шахсиамро, ки ду сол боз сохтаниам, кай ба итмом мерасонида бошам. Ба доди мо - мардуми одӣ кӣ мерасад?
С. МИРЗОЕВ, ноҳияи Вахш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.06.12 №: 79-80 Мутолиа карданд: 5048