барқияҳо
Барқияи тасаллият ба Шоҳи мамлакати Арабистони Саудӣ
18 июн Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Абдулло ибни Абдулазиз оли Сауд, Шоҳи мамлакати Арабистони Саудӣ, бо сабаби вафоти Амир Ноиф ибни Абдулазиз оли Сауд, валиаҳд-муовини раиси Шӯрои вазирон, Вазири корҳои дохилии мамлакат, барқияи таъзия ва тасаллият фиристод.
Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.06.12 №: 81 Мутолиа карданд: 3434