logo

мулоқотҳо

Пешниҳоди нави Эмомалӣ Раҳмон ба ЮНЕСКО

Дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия  дар  доираи иштирок дар конфронси Рио+20 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, Ирина Бокова, мудири кулли Ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО)-ро ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои ҳамкории пурмуҳтавои Тоҷикистон бо ЮНЕСКО муҳокима гардиданд.

Сарвари Тоҷикистон ба фаъолияти сохторҳои фаръию ниҳодҳо ва муассисаҳои гуногуни Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла Ташкилоти он оид ба маориф, илм ва фарҳанг дар кишвари худ баҳои баланд дод.
Бахусус, Эмомалӣ Раҳмон аз мусоидати ташкилот дар роҳандозии Ҳамоиши байналмилалии иҷрокунандагони мусиқии классикии "Шашмақом", ворид намудани санаи 1150-солагии асосгузори адабиёти форсу тоҷик Абуабдуллои Рӯдакӣ ба Феҳристи ҷашнҳои ЮНЕСКО, ҷудо кардани маблағҳо барои тадқиқотҳои минбаъдаи илмӣ ва таъмини ҳифзи ёдгориҳои қадимаи Тоҷикистон - шаҳраки Саразм ва Ибодатгоҳи буддоӣ дар Аҷинатеппа ёдовар шуд.
Ҷонибҳо зикр намуданд, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону ЮНЕСКО имрӯз фарогири масъалаҳои мубрами глобалӣ низ мебошанд.
Бо ибрози ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистон ба тавсеаи минбаъдаи робитаҳо бо ЮНЕСКО, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон диққати ҳамсуҳбаташро ба масъалаи ташкил кардани Экспедитсияи сеюми байналмилалии геофизикӣ ба кӯҳҳои Помири Тоҷикистон ҷиҳати омӯзиши ҳолати кунунии пиряхҳо ва тамоюлҳои тағйирёбии таркиби онҳо ҷалб намуд.
Дар робита ба он ки соли 2013 ба узвияти Тоҷикистон дар ЮНЕСКО бист сол пур мешавад, Президент Эмомалӣ Раҳмон аз Мудири кулли ЮНЕСКО Ирина Бокова даъват ба амал овард, ки дар ин сол дар вақти барояш муносиб ба Тоҷикистон сафари дӯстона анҷом диҳад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.06.12    №: 82-83    Мутолиа карданд: 2203
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед