мулоқотҳо
Рейчел Кайт
ба суханронии
Эмомалӣ Раҳмон
баҳои баланд дод
Дар ҳошияи конфронси СММ оид ба рушд дар Рио-де-Жанейро Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, бо Рейчел Кайт, ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба рушди устувор, мулоқоти судбахш анҷом дод.
Рейчел Кайт ба муҳтавои суханронии Сарвари давлати Тоҷикистон дар ҷаласаи умумии конфронси Рио+20 баҳои баланд дода, пешниҳодҳои ӯро дар бахши энергетика ва доир ба роҳҳои рушди устувор сазовори дастгирии байналмилалӣ номид.
Зимни баррасии масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ аз сатҳи баланди ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла дастгирии пайвастаи рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Муҳокимаи масоили вобаста ба анҷоми босифати имконсанҷии техникию иқтисодӣ ва омӯзиши таъсири иҷтимоию экологии лоиҳаи бунёди неругоҳи Роғун ва татбиқи лоиҳаи минтақавии КАСА-1000 низ аз мавзӯъҳои суҳбат буд.
Ҳар ду ҷониб омодагӣ ва ҳавасмандии устувори худро доир ба таҳким ва густариши ҳамкории гуногунҷанбаи минбаъда таъкид дошт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.06.12 №: 82-83 Мутолиа карданд: 2207