қонунҳои ҶТ
Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 ноябри соли 2011 "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, № 11, мод. 773; с. 2012, № 3, мод. 129; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2012, № 829; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2012, № 830) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 18 қисмҳои нӯҳум ва даҳум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"Воридоти ду адад дастгоҳи томографии компютерӣ барои эҳтиёҷоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як миллион адад дастгоҳҳои телефонӣ барои эҳтиёҷоти аҳолии камбизоат аз тарафи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.".
2. Ба қисми якуми моддаи 19 пас аз калимаҳои "меҳмонхонаи панҷситорадори воқеъ дар кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе" калимаҳои ", сохтмони театри миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қасри миллат" илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2012 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 26 июни соли 2012, № 832
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012" қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 13 июни соли 2012, № 840
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.06.12 №: 84-85 Мутолиа карданд: 3941