қонунҳои ҶТ
Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии
Тоҷикистон барои соли 2012"
Моддаи 1. Ба моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 ноябри соли 2011 "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, № 11, мод. 773; с. 2012, № 3, мод. 129; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2012, № 829; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2012, № 830) қисми ёздаҳум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Иҷрои корҳои сохтмонии хатти нави роҳи оҳани Душанбе - Қурғонтеппа (қитъаи Ваҳдат-Ёвон, азнавсозии фосилаҳои Роҳатӣ-Ваҳдат-Элок ва Қурғонтеппа-Ёвон-Ваҳдат) ва воридоти молҳо бо ин мақсад аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон", ки номгӯй ва миқдори онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2012 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 26 июни соли 2012, № 831
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012" қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 20 июни соли 2012, № 860
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.06.12 №: 84-85 Мутолиа карданд: 3834