мулоқотҳо
Таъиноти кадрӣ
30 июн Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, як зумра кадрҳои ба вазифаҳои нав пешниҳодшудаи соҳаҳои прокуратура ва мақомоти корҳои дохилиро барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Ҳамин тариқ, муовини прокурори шаҳри Душанбе, прокурори шаҳру ноҳияҳои Фирдавсӣ, Хуҷанд, Истиқлол, Балҷувон, Данғара, Ҷалолиддини Румӣ, прокурори ҳарбии гарнизони Суғд, сардори шуъбаи корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳои Панҷ, Нуробод, Истиқлол ва роҳбарони чанд сохтори дигар иваз шуданд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, таваҷҷуҳи аҳли нишастро ба мушкилоти вобаста ба ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир, коррупсия, тамаъҷӯӣ, заминфурӯшӣ ва ғайра ҷалб намуда, онҳоро ба садоқату фидокорӣ ба ватану ватандорӣ, ҳифзи оромию субот, манфиатҳои мардуми заҳматкаш, адолати иҷтимоӣ ва ба муборизаи беамон бо унсурҳои ҷиноию қонуншикан ҳидоят намуд.
Таъкид гардид, ки бо мардум муомилаю муоширати хуб дошта бошанд, зеро иззату эҳтиром ва боварию эътимоди аҳолӣ ва ҳамкорӣ бо онҳо омили муҳими пешрафти кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 3.07.12 №: 86 Мутолиа карданд: 2301