мулоқотҳо
Мулоқот бо Виктор Янукович, Президенти Украина
2 июл дар шаҳри Киев Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Виктор Янукович, Президенти Украина, мулоқот намуд. Зимни суҳбат масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Украина баррасӣ гардиданд.
Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Виктор Янукович барои даъваташ ҷиҳати тамошои якҷояи бозии ниҳоии чемпионати Аврупо оид ба футбол ва баррасии масоили ҳамкории дуҷониба арзи сипос намуд.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, иброз дошт, ки вохӯриву гуфтушунидҳои дар чаҳорчӯби сафари расмии ӯ ба Украина анҷомгирифта барои таҳкими минбаъдаи робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва ғайра имрӯзҳо натиҷаҳои амалӣ дода истодаанд. Президенти Тоҷикистон ҳамчунин санаи муҳими таърихӣ - 20-солагии барқарорсозии муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Украинаро, ки моҳи апрели ҳамин сол таҷлил гардид, махсус зикр кард.
Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, фарҳанг, ифтитоҳи сафорати Украина дар Душанбе, фаъолияти Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Украина табодули назар намуданд.
Роҳбари давлати тоҷикон аз кушодани хатсайри ҳавоии байни Украина ва Тоҷикистон, ки моҳи марти соли ҷорӣ ба амал омад, изҳори қаноатмандӣ кард.
Дар бобати бунёди корхонаҳои муштарак ҷонибҳо сохтмони мошинолоти кишоварзӣ, гидроэнергетика, саноати бофандагӣ, хӯрокворӣ ва коркарди маҳсулотро ҳамчун бахшҳои ояндадори ҳамкорӣ ном бурданд.
Тарафҳо ҳамчунин зарурати идома додани тавсеаи пойгоҳи қарордодию ҳуқуқии ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла имзои санадҳои ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати ҷавонон, алоқа ва иттилоотонӣ, телевизион ва радиоро таъкид карданд.
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, дар доираи сафари кории худ ба Украина дар тамошои бозии ниҳоии чемпионати Аврупо оид ба футбол, ки шоми 1-уми июл баргузор гардид, иштирок намуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 3.07.12 №: 86 Мутолиа карданд: 2278