барқияҳо
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Беларус, барқияи шодбош ирсол намуд, ки дар он гуфта мешавад:
Муҳтарам Александр Григоревич!
Бо камоли мамнуният табрикоти худро ба муносибати солгарди иди миллии Ҷумҳурии Беларус ба Шумо тақдим медорам.
Кишварҳои моро робитаҳои қавии дӯстона ва ҳамкориҳои самарабахш, инчунин кӯшишҳои дуҷониба баҳри пойдории муносибатҳои тарафайн мепайванданд.
Изҳори боварӣ мекунам, ки мо бо саъю талошҳои муштарак ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Беларус ривоҷу равнақ бахшида, онҳоро ҷавобгӯи манфиатҳои бунёдии ҳар ду халқу давлат мегардонем. Мо азми қатъӣ дорем, ки барои роҳандозӣ намудани ҳадафҳоямон тамоми кӯшишҳоро ба харҷ диҳем.
Дар ин рӯзи фархунда ба Шумо, муҳтарам Александр Григоревич, тансиҳатӣ ва комёбиҳои беназир орзу намуда, ба халқи дӯсту бародари Беларус сулҳу беҳбудӣ ва шукуфоиро таманно дорам.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 5.07.12 №: 87 Мутолиа карданд: 3515