барқияҳо
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Барак Ҳусейн Обама, Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Амрико, барқияи шодбош ирсол намуд, ки дар он омадааст:
Ҷаноби Олӣ,
Барои ман мояи сарфарозист, то табрику таҳнияти самимии хеш ва мардуми Тоҷикистонро ба муносибати фаро расидани ҷашни миллӣ - солгарди Рӯзи истиқлолият ба Ҷаноби Олӣ ва мардуми дӯсти Штатҳои Муттаҳидаи Амрико тақдим намоям.
Тоҷикистон мисли пешин хоҳони пешрафти Штатҳои Муттаҳидаи Амрико ва ҷонибдори рушди минбаъдаи ҳамкориҳои васеъ бо кишвари Шумо мебошад. Мо дар оянда низ аз тамоми имкониятҳо ва захираҳо дар ҳама соҳаҳо ва арсаҳои ҳамкорӣ истифодаи матлуб хоҳем намуд.
Мо мутмаинем, ки равобити дӯстона ва ҳамкории васеи давлатҳои мо омили муҳими сулҳу субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва берун аз он мебошад.
Дар ин рӯзи саид ба ҷаноби Президент сиҳату саломатӣ, комёбиву муваффақиятҳои рӯзафзун ва ба халқи дӯсти Амрико пешрафту шукуфоӣ ва саодату некрӯзӣ таманно дорам.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 5.07.12 №: 87 Мутолиа карданд: 3414