президент
Машварати корӣ
7 июл Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, бо масъулони Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони вазорату идораҳо машварати корӣ доир намуд.
Дар машварат рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар давраи то соли 2015” ва татбиқи амру фармонҳо ва супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳангоми сафарҳои кориашон ба ин минтақа бармеояд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат, ба ҳозирон дастур дод, ки барои рафъи оқибатҳои обхезиҳо ва ярчу сангрезӣ чораҳои зарурӣ андешанд. Дастур дода шуд, ки барои соҳилмустаҳкамкунӣ ва таъмини техникаи нав ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маблағ ҷудо карда шавад.
Сарвари давлат ба масъулони сатҳи ҷумҳуриявӣ баҳри тезонидани корҳои сохтмонӣ, аз ҷумла биноҳои маъмурӣ, муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ ва иҷтимоиву тандурустӣ, вусъати минбаъдаи корҳои созандагию ободонӣ, бунёди пулу роҳҳо, 6 неругоҳи хурди барқи обӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ дастуру супоришҳо дод.
Ҳамчунин дастур дода шуд, ки барои омодагӣ ба фасли зимистон муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят бо сӯзишворӣ таъмин карда шаванд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.07.12 №: 88-91 Мутолиа карданд: 32268