барқияҳо
Барқияи тасаллият ба Владимир Путин, Президенти Федератсияи Русия
9 июл Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Владимир Путин, Президенти Федератсияи Русия, барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он омадааст:
Муҳтарам Владимир Владимирович,
хабари ҳузнангези обхезии фоҷиавиро дар Кубан, ки боиси талафоти ҳазорҳо ҷони одамӣ ва хароботи бузург шуд, бо андуҳи гарон дарёфтам.
Мо дар Тоҷикистон ба андуҳи халқи дӯсту бародари Русия бо сабаби ҳалокати одамон ва оқибати харобиовари офати табиӣ шарик ҳастем.
Муҳтарам Владимир Владимирович, аз Шумо хоҳиш менамоям, ки ҳамдардии самимии тамоми мардуми Тоҷикистон ва шахсан худамро ба пайвандону наздикони ҳалокшудагон ва орзуи зудтар шифоёбиро ба зарардидагон бирасонед.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.07.12 №: 92-93 Мутолиа карданд: 3473