мулоқотҳо
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Кен Гросс
9 июл Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, Кен Гросс - Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро дар Тоҷикистон бинобар анҷом ёфтани муҳлати фаъолияти дипломатиаш дар кишвари мо ба ҳузур пазируфт.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба фаъолияти сесолаи Кен Гросс дар Тоҷикистон баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки ӯ дар раванди рушди муносиботи дӯстона ва ҳамкории судбахши Тоҷикистону Амрико нақши намоён дошт.
Кен Гросс дар навбати худ нақши Тоҷикистонро дар минтақа муҳим номида, изҳори боварӣ намуд, ки нақшаю барномаҳои кунунӣ ва ояндаи ҳамкории Амрико бо Тоҷикистон самараҳои боз ҳам бештар хоҳанд дошт.
Дипломати амрикоӣ, ҳамчунин аз меҳмоннавозӣ ва фарҳанги баланди мардуми Тоҷикистон ёдовар шуда, изҳор намуд, ки ӯ минбаъд низ барои рушди муносиботи судовари Амрико бо Тоҷикистон талош хоҳад кард.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.07.12 №: 92-93 Мутолиа карданд: 2184