logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ГУМРУКИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1.  Ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2004,  №12, қ. 2, мод. 703; мод.704; с. 2006, №3, мод. 159; с. 2007, №7, мод. 681; с. 2008, №6, мод.459; №10, мод. 818; с. 2011, №3, мод.160; №6, мод.458; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2012, №800), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 9 қисми 5 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"5. Маълумоти махфӣ оид ба амалиёти воридотию содиротии мушаххаси фаъолияти иқтисодии хориҷӣ танҳо ба суд ва мақомоти тафтишоти пешакӣ вобаста ба тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ пешниҳод карда мешавад.". 
2. Ба қисми 1 моддаи 10 бандҳои 35), 36), 37) ва 38) бо мазмуни  зерин илова карда шаванд:
"35) молҳои қалбакӣ - молҳои дорои объектҳои моликияти зеҳнии бо вайрон намудани ҳуқуқҳои соҳибҳуқуқ тайёргардида ва (ё) аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолшавандае, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз мешаванд;
36) соҳибҳуқуқ - шахсе, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ҳуқуқи истисноӣ ба объекти моликияти зеҳнӣ мебошад;
37) боздошти иҷозат - дар сурати ҷой доштани шубҳа оид ба қалбакӣ будани молҳо аз ҷониби мақомоти гумрук тамдид гардидани мӯҳлати қабули қарор дар бораи иҷозати онҳо, ки мутобиқи низоми интихобгардидаи гумрукӣ интиқол дода мешаванд;
38) феҳристи гумрукии объектҳои моликияти зеҳнӣ - номгӯи молҳои дорои объектҳои моликияти зеҳнии мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзшаванда.".
3. Дар моддаи 359:
- матни модда қисми 1 ҳисобида шавад;
- ба модда қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"2. Мақомоти гумрук ҳуқуқ надоранд аз шахсони хориҷӣ бе розигии онҳо пешниҳоди ҳуҷҷатҳоро барои тасдиқи арзиши гумрукӣ тибқи усули муайян намудани арзиши гумрукӣ дар асоси ҷамъи арзиш талаб намоянд. Маълумот ва ҳуҷҷатҳое, ки истеҳсолкунанда пешниҳод намудааст ё аз номи вай пешниҳод шудаанд, мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон метавонанд аз тарафи мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди санҷиш қарор дода шаванд.".      
4. Ба банди 6) қисми 1 моддаи 490 баъд аз калимаҳои "Аълочии хадамоти гумрук" калимаҳои "ва медалҳои хадамоти гумрук" илова карда шаванд. 
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ  РАҲМОН
ш. Душанбе, 3 июли соли 2012, № 874


Қарори Маҷлиси намояндагони
 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид  намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон      Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 6 июни соли 2012,  № 825


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо
ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                    М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 14 июни соли 2012, № 335


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.07.12    №: 92-93    Мутолиа карданд: 3679
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед