барқияҳо
13 июл Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Чионг Тан Шанг, Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам, барқияи шодбошӣ фиристод, ки дар он гуфта мешавад:...
Ҷаноби Олӣ!
Бо камоли мамнуният Шумо ва мардуми сулҳдӯсти Ветнамро ба муносибати бистумин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам табрик менамоям.
Боиси сарфарозист, ки тайи ин давраи сипаришуда бо саъю талошҳои дуҷониба муносиботи анъанавии Тоҷикистону Ветнам ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба манфиати ду кишвар ва мардумони онҳо рушд меёбад.
Мутмаинам, ки бо такя ба таҷрибаҳои мусбати гузашта, мутобиқи дастурамалҳои роҳбарикунандаи санади ҳамкориамон - қарордод оид ба асосҳои муносибатҳои байнидавлатӣ аз соли 1999, мо метавонем муносибатҳои Тоҷикистону Ветнамро дар шаклҳои гуногун густариш диҳем.
Фурсати муносибро ғанимат шуморида, ба Шумо, Ҷаноби Президент, аз самими қалб сиҳатии комил, рӯзгори нек, комёбиҳои навин ва ба мардуми бародари Ветнам сулҳу субот ва шукуфоиро таманно менамоям.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 94 №: 17.07.12 Мутолиа карданд: 3490