барқияҳо
13 июл Чионг Тан Шанг, Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам, ба Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта шудааст:...
Ба муносибати 20 - солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи давлат, мардуми Ветнам ва шахсан худам ба Шумо Ҷаноби Олӣ ва халқи тоҷик табрикоти самимии худро ирсол менамоям.
Боиси хушҳолист, ки дар ин муддат Ҷумҳурии Тоҷикистон ба комёбиҳои бузург дар корҳои эъмору рушди кишвар, беҳбуди сатҳи зиндагии мардум ва мунтазам баланд нигоҳ доштани мавқеи давлати хеш дар минтақа ва тамоми ҷаҳон ноил гардид.
Ман бовар дорам, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди байни Ветнаму Тоҷикистон, ки дар 20 соли охир таҳким ёфтаанд, дар оянда низ дар мутобиқат бо манфиатҳои мардуми кишварҳои мо рушд меёбанд.
Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гулгулшукуфоӣ ва ба мардуми тоҷик комёбиҳоро таманно дорам.
Ба Шумо, Ҷаноби Президент, сиҳативу саломатӣ ва комёбиҳои навинро дар мақоми олидараҷаатон орзу дорам.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 94 №: 17.07.12 Мутолиа карданд: 3588