барқияҳо
17 июл Ҳомид Карзай, Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ба Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он омадааст:...
Иҷоза диҳед, самимонатарин табрикоту таманниёти худро ба муносибати 20 - солагии эҷоди робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷалолатмаоби Шумо ва мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намоям.
Боварии комил дорам, гомҳои муштараке, ки дар заминаи таҳкиму густариши робитаҳо ва муносибатҳои дӯстона байни ду кишвари дӯсту бародари дорои муштаракоти мазҳабӣ, забонӣ ва фарҳангӣ то ҳол бардошта шуда, дар оянда низ ба устувории бештар бардошта шавад.
Мардуми Афғонистон ба робитаҳои худ бо кишвари дӯст, Тоҷикистон ба дидаи қадр нигариставу хоҳони густариши он дар ҳама соҳаҳо мебошанд.
Тандурустию саломатии Ҷалолатмаоби Шумо, саодату тараққии мардуми кишвари дӯст - Тоҷикистонро орзу дорам.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.07.12 №: 95 Мутолиа карданд: 3444