мулоқотҳо
Мулоқот бо вакилони
Порлумони Аврупо
16 июл Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати вакилони Порлумони Аврупоро, ки таҳти роҳбарии Струан Стивенсон ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории босамари Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуданд. Аз сатҳи воло ва пайвастагии ҳамкории дуҷониба ва минтақавию ҷаҳонии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо изҳори қаноатмандӣ шуд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар ҳамдастию ҳамбастагӣ метавонанд дар ҳаллу фасли бисёр мушкилоти Осиёи Марказӣ ва Афғонистон нақши муассир дошта бошанд.
Вакилони Порлумони Аврупо бо ишора "ба нақши муҳими Тоҷикистон дар ин минтақаи дорои аҳамияти стратегӣ" таъкид бар он доштанд, ки Иттиҳоди Аврупо барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳад бо Афғонистон ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии хатари терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир пайваста мусоидат намуда, кумакҳои техникии худро афзун хоҳад кард.
Таваҷҷуҳи зиёд ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳои минтақа ва бозсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон тавассути эҳёи иқтисодии он зоҳир гардид. Изҳори боварӣ шуд, ки мавриди истифодаи васеъ қарор додани иқтидорҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ва ба ҳам пайвастани шабакаҳои барқии Тоҷикистон ва Афғонистону Покистон, аз ҷумла тавассути хати баландшиддати КАСА-1000 ба нафъи кулли минтақа хоҳад буд. Ҳар ду ҷониб аз дастгирии байналмилалии талошҳои мамлакатҳои минтақа ва давлатҳою созмонҳои мададрасон дар роҳи пайвастани шабакаҳои нақлиётии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ истиқбол намуданд.
Дар мулоқот ҳамчунин доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди тавачҷҷуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.07.12 №: 95 Мутолиа карданд: 2202