номаҳо
Зарари сарфа беш аз нафъи он мебошад
Барои пеш бурдани кори гурӯҳҳои худфаъолиятии бадеӣ ё худ маҳфилҳои дастаҳои ҳунарии мактабҳои таҳсилоти умумӣ ба роҳбари он моҳе 90 сомонӣ маош муқаррар шуда буд. Албатта, кор бо ин гурӯҳ, хоса тарбияи истеъдодҳои ҷавон, осон нест. Омӯзгор ба онҳо асрору нозукиҳои мусиқӣ, навозиши созҳо, тарзи ба саҳна гузоштани намоишномаҳо, офаридани нақшҳо, хониши ифоданоки матну шеърҳоро меомӯзонад. Ба ҷуз ин барои чорабиниҳои мактабӣ барномаҳои ҳунариро омода месозад. Соҳибистеъдодҳо дар озмунҳои байниноҳиявӣ ва шаҳрӣ аз ҳамин гурӯҳҳо интихоб мегарданд.
Умуман аз даврони мактабӣ ҳунарманди оянда тарбия меёбаду ба воя мерасад. Дар суҳбатҳои телевизионӣ ҳунармандони варзидаи кишвар саҳми ин гурӯҳҳои худфаъолиятиро дар рушду такомули ҳунарашон доимо ёдовар мешаванд.
Мутаассифона, ҳоло фаъолияти ин гурӯҳҳоро дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ бастаанд. Мақсад чӣ аст, намедонам. Аммо фикр менамоям, ки бо ин роҳ маблағро сарфа карданӣ мешаванд. Бале, 90 сомонӣ, ки маблағи калон нест, сарфа мегардад, вале зарари ояндаи ин тасмимашонро оё андешидаанд? Чунин тасмим дар ҳоле аст, ки мусиқии суннативу касбии мо ниёз ба пешрафту рушду такомул дорад, аммо он сол ба сол қафо меравад.
Муҳаммадулло МАҲМУДОВ,
ноҳияи Восеъ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.07.12 №: 95 Мутолиа карданд: 5212