номаҳо
Вақте масъулият эҳсос
намегардад
Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" кӯдакони то синни 18 набояд баъди соати 22 дар кӯчаҳо гаштугузор кунанд. Аз бемасъулиятии масъулон, мутаассифона, ин талаботи қонун риоя намешавад. Барои исботи ин қазия, фикр мекунам, ки овардани далел зарур нест. Кофист, ки ба кӯчаҳои шаҳр баъди соати бисту ду, шаб бибароӣ, наврасони ноболиғро бо чашми худ бубинӣ. Бадбахтона, чунин қонуншиканӣ на танҳо дар пойтахт, балки қариб дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар ба мушоҳида мерасад. Мисли ин, ки талаботи қонун аз ёдҳо рафта ё иҷроишаш он қадар муҳим нест. Агар на, чаро нозирони минтақа пеши роҳи шабгардии ноболиғонро намегиранд? Фикр мекунам, агар рейдҳои махсус вобаста ба ин масъала бигузаронанду тавассути телевизион намоиш бидиҳанд, шабгардии наврасон хеле коҳиш меёбад. Инчунин барои дигарон ибрат мешавад.
С. АБДУЛЛОЕВ,
шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.07.12 №: 95 Мутолиа карданд: 5036