номаҳо
Иҷозатнома дода шавад
Дар гӯшаи "Розу ниёз" "Дар "Азиза" равғани палма" ("Ҷумҳурият", 19 июни соли 2012) -ро хондаму зарур шумурдам перомуни ин мушкилот андешаҳоямро нависам. Воқеан, навиштаҳои коғазпечи рӯи конфети "Азиза" далел ва гувоҳи бесарусомонӣ дар ин соҳа мебошад. Чунин навиштаҳо, мутаассифона, аз ҷониби масъулону мутахассисон мавриди баррасӣ ва муҳокимаи ҷиддӣ қарор намегирад. Бовар дорам, ки бо ин ҳол номаи С. Аминов, аз ноҳияи Рӯдакӣ, дар чунин сурат беҷавоб мемонад. Ҳол он ки ин нома бонги изтиробе буд ва моро ҳушдор медод, ки нисбати покизагии забони давлатӣ масъулияти бештаре эҳсос намоем. Ман фикр мекунам, ки дар рух додани чунин ҳодисаҳои нанговар ҳар тоҷику шаҳрванди кишвар бояд худро гунаҳкор биҳисобад. Ана, ҳамин гуна бетафовутиҳо обрӯву эътибори забони моро коҳиш медиҳад.
"Дар "Азиза" равғани палма" як намунаи бетарафӣ ба тақдири забони модарӣ буд. Чаро бояд тасдиқ накунем, ки дар ин маврид ғалатҳо бениҳоят зиёданд? Ва ҳам матнҳои тарҷумашуда бисёр харобанд. Вобаста ба ин метавонам мисолҳои зиёд биёрам, аммо "он чӣ аён аст, ҳоҷат ба баён нест".
Муроди ман аз навиштани нома ироаи як пешниҳод мебошад. Мехоҳам ҳамаи чунин навиштаҳо ва навиштаҳои дигар маҳсулотҳо ҳатман аз назари мутахассисони шуъбаи махсуси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ гузаронда ва барои онҳо иҷозатнома дода шавад.
Д. АМОНОВА,
шаҳри Панҷакент
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.07.12 №: 95 Мутолиа карданд: 4926