номаҳо
Мо интизори ҷавоб ва дастгирием
Омӯзгор дар ҷомеа бояд қадру манзалати зиёд дошта бошад, хоса маърифатомӯзе, ки беш аз 40 сол дар ин соҳа фаъолияти чашмрас доштааст. Мутаассифона, ҳамин ки ӯ ба нафақаи пиронсолӣ барояд, зуд фаромӯш мегардад. Оре, мактаб ҳам ӯро аз ёд мебарад. Дар ҷамъомадҳо, хоса Рӯзи омӯзгор даъваташ намекунанд. Чунин менамояд, ки дигар ба ҷомеа як шахси нодаркор мебошад. Аз аҳволаш ҳатто омӯзгорон, собиқ ҳамкоронаш низ хабар намегиранд. Дуруст аст, ки он маблағи ками нафақа ба рӯзгораш намерасад. Аммо ӯ дар ин ҳол дигар ҳатто имтиёзҳои як омӯзгореро, ки рӯзи аввал ба фаъолият шурӯъ кардааст, надорад. Албатта, дар ин сурат шояд дили дигар омӯзгорон бо андешидани ояндаи худ аз ин касб бимонад ва муҳаббаташон коста бигардад. Инчунин насли нав бо як дилгармӣ ин касбро интихоб накунанд.
Мехоҳам масъулон сари ин масъалаи муҳим дуруст бияндешанд ва барои пешрафту манфиати кор хулоса бибароранд. Оре, агар воқеан бовар доранд, ки пешрафти ҷомеа ба омӯзгор вобаста мебошад. Мо интизори ҷавоб ва дастгирии шумо, масъулон, ҳастем.
Ҳайдари РУСТАМ,
собиқ омӯзгор, нафақагир, ноҳияи Ванҷ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.07.12 №: 95 Мутолиа карданд: 5030