мулоқотҳо
Ҳифзи сарҳад дар минтақаҳои баландкӯҳи Бадахшон пурзӯр гардид
26 июл Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, вазири умури дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Раҳматулло Набил, раиси умумии амнияти миллии Афғонистонро ки бо як ҳайати бонуфузи роҳбарияти сохторҳои қудратии мамлакаташон ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории амниятию низомии ду ҷумҳурии ҳамсоя, аз ҷумла ҳифзи муштараки сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, пешгирӣ аз паҳншавии терроризму ифротгароӣ, қочоқи аслиҳа ва маводи мухаддир, баррасӣ шуданд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади ду давлат дар минтақаҳои баландкӯҳи Бадахшон, аз ҷумла қитъаҳои наздик ба шаҳри Хоруғи Тоҷикистон, зоҳир гардид.
Роҳбарони мақомоти амниятию низомии Афғонистон бо итминон изҳор доштанд, ки барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади муштарак аз ҷониби кишвари худ ва ҷилавгирӣ аз сарҳадшикании гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷангиён ва қочоқбарон чораҳои фаврию муассир меандешанд. Аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки як гурӯҳ ҷангиёну қочоқбарони афғон, ки бо ҷинояткорони муқими Хоруғ ҳамкорӣ доштанд, дар хоки Афғонистон аллакай дастгир шудаанд ва ҳамгироии сохторҳои дахлдори ду мамлакат дар ду ҷониби марз босамар идома дорад.
Гуфтугӯи судманд ҳамчунин доир ба авзои кунунии Афғонистон ва нақшаҳои минбаъдаи ҳамкорӣ, аз ҷумла баъди хуруҷи неруҳои байналмилалии посдори сулҳ аз ин кишвар, сурат гирифт.
www.president.tj
Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ - вазири умури дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Раҳматулло Набил - раиси умумии амнияти миллии ин кишвар баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо хабарнигорон низ суҳбат карданд.
Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ изҳор дошт, ки бо ҳайати ҳамроҳонаш ҳомили паёме аз Ҳомид Карзай, Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ба Сарвари давлати Тоҷикистон оид ба таҳкими ҳамкориҳо дар марзи ду кишвар буданд. Бино ба андешаи меҳмонон, феълан зарурати тақвияти бештари ҳамкориҳо дар ҳифзи сарҳад ба миён омадааст. Зеро мавҷудияти марзҳои муштараки ду давлат ва таҳдиди гурӯҳҳои ҷинояткори созмонёфта ҷиҳати ба ҳам задани вазъи амну субот ба ин амр далолат мекунад.
- Мо дар суҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагии давлату мардуми Афғонистонро барои ҳамкории ҳамешагӣ дар ин самт эълон доштем. Айни ҳол мо неруҳои худро дар сарҳад тақвият додем, то дар амри саркӯб кардани гурӯҳҳои ҷинояткори созмонёфта дар Бадахшони Тоҷикистон мусоидат карда бошем.
Ин дар ҳолест, ки, ба бовари ҳайати меҳмонон, тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба метавонад дар наздиктарин фурсат қазияеро, ки дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттифоқ афтодааст, ҳал намояд.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.07.12 №: 98 Мутолиа карданд: 2334