мулоқотҳо
Мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо вазири молияи Туркманистон
25 июл Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, Давлаткелдӣ Содиқов - ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва илмӣ-техникии Тоҷикистону Туркманистон, вазири молияи Туркманистонро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Туркманистон ва ҷоннок намудани кори Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва илмӣ-техникии ду мамлакат баррасӣ шуд.
Таъкид гашт, ки ҳаҷми мубодилоти тиҷоратии Тоҷикистону Туркманистон, ки дар соли 2011 ҳамагӣ ба 194 миллион доллари амрикоӣ баробар будааст, ба имкону захираҳои фаровони рушди ҳамкорӣ ҷавобгӯ нест.
Аз ин хотир изҳори боварӣ шуд, ки кори комиссияи муштарак ва сафари расмии қарибулвуқуи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Туркманистон ба ин раванд такони ҷиддӣ мебахшанд.
Интизор меравад, ки зимни ин сафар дар Туркманистон миёни ду кишвар як зумра санадҳои нави муҳим доир ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ба имзо мерасанд.
Дар мулоқот ҳамчунин доир ба рушди ҳамкории минтақавӣ ва мусоидат ба бозсозии иқтисодиёт ва ҳаёти осоишта дар Афғонистони ҳамсоя гуфтугӯ сурат гирифт.
www.president.tj
* * *
Рушди ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисоду савдо, нақлиёту алоқа, вусъат бахшидани мубодилаи молу маҳсулот миёни ду кишвар, тавсеаи равобити илмию фарҳангӣ дар меҳвари суҳбати Эмомалӣ Раҳмон - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлаткелдӣ Содиқов, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва илмӣ-техникии Тоҷикистону Туркманистон, вазири молияи ин кишвар, қарор гирифтааст.
Давлаткелдӣ Содиқов, ки баъд аз мулоқот бо Сарвари давлат дар ин бора бо хабарнигорон суҳбат мекард, ҳаҷми мубодилоти тиҷоратии байни ду кишварро ночиз хонд. Зеро, ба андешаи ӯ, ҳар ду ҷониб дар ин самт имкону захираҳои фаровонтареро дар ихтиёр дорад. Дар ин робита зикр шуд, ки феълан мавзӯи вусъат бахшидани афзоиши мубодилоти молу маҳсулот миёни аъзои Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва илмӣ-техникии ду кишвар матраҳ аст.
Вазири молияи Туркманистон изҳори боварӣ намуд, ки сафари қарибулвуқуи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин кишвар раванди ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду мамлакати ба ҳам дӯстро тақвият мебахшад.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.07.12 №: 98 Мутолиа карданд: 2241