қонунҳои ҶТ
Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА
КОДЕКСИ ГУМРУКИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004 қабул карда шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2004, №12, қ.2, мод.703; мод.704; с.2006, №3, мод.159; с.2007, №7, мод.681; с.2008, №6, мод.459; №10, мод.818; с.2011, №3, мод.160; №6, мод.458; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2012, №800), тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Моддаи 343 хориҷ карда шавад.
2. Моддаи 344 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 344. Намудҳои хоси боҷҳо
Боҷҳои хоси гумрукӣ (махсус, зиддидемпингӣ ва ҷубронӣ) нисбат ба молҳои воридотӣ метавонанд муваққатан мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон татбиқ карда шаванд.".
3. Дар қисми 3 моддаи 496 рақамҳои "180", "36" ва "12" мувофиқан ба рақамҳои "8", "6" ва "5" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 1 августи соли 2012, № 881
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 20 июни соли 2012, № 866
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 19 июли соли 2012, № 380
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 4.08.12 №: 101-102 Мутолиа карданд: 3638