қонунҳои ҶТ
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ЗАМИНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 1996, №326 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, №23, мод. 351; с. 1997, №23-24, мод. 333, фасли IV; с. 1999, №5, мод. 59; с. 2001, №4, мод.176; с. 2004, №2, мод. 55, №3, мод. 189, мод. 190; с. 2006, №7, мод. 347; с. 2008, №1, қ. 2, мод. 22, №6, мод. 463; с. 2011, №3, мод. 171; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2012, №819), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Моддаи 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи замин
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи замин ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.".
2. Ба Кодекс моддаҳои 11, 12 ва 13 бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"Моддаи 11. Муносибатҳое, ки қонунгузории замин танзим менамояд
Қонунгузории замин муносибатҳоро вобаста ба истифодабарӣ ва ҳифзи замин, инчунин муносибатҳои молумулкиро дар соҳаи заминистифодабарӣ, ки вобаста ба гирифтани (ба даст овардани) ҳуқуқи бегона намудани ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин ба миён меоянд, ба танзим медарорад.
Муносибатҳои вобаста ба ҳифз ва истифодабарии захираҳои табиӣ, об, ҷангал, олами ҳайвонот ва дигар боигариҳои табиӣ, ҳифзи муҳити зист, минтақаҳо ва объектҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, ҳавои атмосфера ва объектҳои махсуси таърихию фарҳангӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегарданд. Меъёрҳои соҳаҳои номбурда вобаста ба муносибатҳои замин дар қисме амал менамоянд, ки агар ин муносибатҳоро қонунгузории замин танзим накарда бошад.
Моддаи 12. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Кодекси мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- қитъаи замин - қисми замин бо ҳуқуқҳои муайян нисбат ба он, ки гурӯҳи муайян ва намуди иҷозатдодашудаи истифодабарӣ, сарҳади муайяншуда, майдон ва ҷойгиршавӣ дорад;
- заминистифодабаранда - шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки қитъаи замин ба ӯ бо ҳуқуқи бегона намудани ҳуқуқи истифодабарӣ ё бе ҳуқуқи бегона намудани ҳуқуқи истифодабарӣ дода шудааст (ба даст оварда шудааст);
- Фонди ягонаи давлатии замин - маҷмӯи қитъаҳои замини дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъбуда, ки аз гурӯҳи муайяни қитъаҳои замин бо таъиноти муайяни мақсаднок иборат мебошад;
- гурӯҳи замин - қисми Фонди ягонаи давлатии замин, ки бо таъиноти асосии мақсаднок ҷудо карда мешавад ва низоми муайяни ҳуқуқӣ дорад;
- таъиноти мақсадноки замин - истифодабарии қитъаҳои замин бо мақсадҳои дар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқ ба қитъаи замин нишондодашуда;
- сервитут - ҳуқуқи шахс ва (ё) шахсон ба истифодаи маҳдуди қитъаи замини дар истифодаи дигар шахс қарордошта, ки бо тартиби муқарраргардида ба қайди давлатӣ гирифта шудааст;
- ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин - тибқи Кодекси мазкур ва қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи бадастовардашавандаи (бадастовардашудаи) истифодабарии бемӯҳлат, мӯҳлатнок ё якумраи меросӣ ё дар асоси шартномаи иҷораи қитъаи замин тибқи Кодекси мазкур додашуда ё ҳуқуқи истифодабарии бемӯҳлат, мӯҳлатнок ё якумраи меросии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудан, ки бо тартиби муқарраргардида аз қайди давлатӣ гузаштааст.
Моддаи 13 . Принсипҳои асосии қонунгузории замин
Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии мутобиқи он қабулгардидаи қонунгузории замин ба принсипҳои зайл асос меёбанд:
- нигоҳдории Фонди ягонаи давлатии замин, беҳтар намудани сифат ва ҳосилхез кардани замин ҳамчун захираи муҳимтарини табиӣ;
- таъмини истифодабарии самараноки замин;
- таъмини ҳифзи махсус, васеъ намудан ва истифодабарии қатъии мақсадноки заминҳои кишоварзӣ;
- ташкили бозори ҳуқуқи истифодабарии замин, фаъолияти самараноки он ва роҳ надодан ба фаъолияти инҳисорӣ дар бозори ҳуқуқи истифодабарии замин;
- дастгирии давлатӣ барои амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба ҳосилхез кардани заминҳои кишоварзӣ, беҳтар намудани ҳолати мелиоративӣ ва ҳифзи замин;
- дахолат накардани мақомоти давлатӣ ба фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷиҳати ба даст овардан, истифода бурдан ва бегона кардани ҳуқуқи истифодабарии қитъаҳои замин, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- пешгирии зараррасонӣ ба замин, муҳити зист ва таъмини амнияти экологӣ;
- гуногуншаклии хоҷагидорӣ, таъмини баробарҳуқуқии истифодабарандагони замин, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо;
- таъмин намудани баробарҳуқуқии иштирокчиёни муносибатҳои вобаста ба замин, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо;
- музднок будани истифодабарии замин;
- дастрас будани иттилоот оид ба қитъаҳои замин.".
3. Ба моддаи 2 қисмҳои сеюм ва чорум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ҳуқуқи истифодабарии қитъаи заминро бо асосҳо, шартҳо ва андозае, ки Кодекси мазкур ва қонунгузории гражданӣ муқаррар намудааст, бегона намоянд.
Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ қитъаҳои замин бе ҳуқуқи бегона намудани ҳуқуқи истифодабарии ин қитъаҳои замин дода мешаванд.".
4. Ба Кодекс моддаҳои 21 ва 22 бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"Моддаи 21. Объекти муносибатҳои вобаста ба замин
Объектҳои муносибатҳои вобаста ба замин инҳоянд:
- замин ҳамчун объекти табиӣ ва захираи табиӣ;
- қитъаҳои замин;
- ҳуқуқи гирифтани қитъаи замин ва саҳми замин.
Моддаи 22. Ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин ҳамчун объекти ҳуқуқи гражданӣ
Ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он объекти махсуси муносибатҳои ҳуқуқи гражданӣ буда, метавонад предмети хариду фурӯш, тӯҳфа, иваз, иҷора, гарав ва дигар аҳдҳо бошад ва инчунин ба тариқи мерос ва бо тартиби умумии ба даст овардани ҳуқуқ, ки Кодекси мазкур ва қонунгузории гражданӣ муқаррар намудааст, ба дигар шахс гузарад.
Ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба тариқи бемузд ё музднок дода мешавад.
Қитъаҳои замине, ки ба бегона намудани ҳуқуқи истифодабариашон ҳуқуқ пайдо кардаанд, танҳо мувофиқи таъиноти мақсадноки онҳо истифода бурда мешаванд.
ҳеҷ кас, ба ғайр аз асосҳои дар Кодекси мазкур пешбинигардида, аз ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин маҳрум карда намешавад.".
5. Дар моддаи 5:
- банди "а" дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"а) гирифтан ва додани қитъаҳои замин дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсадҳои умумидавлатӣ;";
- дар банди "в" калимаҳои "мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ" ба калимаҳои "мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд;
- банди "е" дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"е) тасдиқи тартиби муқаррар намудани сервитути оммавӣ (маҷбурӣ) ба қитъаҳои замин;";
- бандҳои "и" ва "к" бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"и) муқаррар намудани тартиби ба заминистифодабарандагон бемузд ё музднок додани ҳуқуқи истифодабарии қитъаҳои замин бо ҳуқуқи бегона намудани онҳо, андозаи қитъа?ои замине, ки бемузд ё музднок дода мешаванд, андозаи ?адди ақалли қитъаи замини тақсимнашаванда, инчунин тартиби додан (ба даст овардан) ва гирифтани қитъаҳои замин;
к) амалӣ намудани дигар салоҳияте, ки Кодекси мазкур пешбинӣ намудааст.".
6. Дар моддаи 6:
- номи модда дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 6. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин";
- қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин чунин ваколатҳо дорад:";
- дар банди "и" калимаҳои "бақайдгирии давлатии" ба калимаҳои "бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории бақайдгирии давлатии" иваз карда шаванд.
7. Дар моддаи 7:
- ба қисми якум бандҳои "е", "ж" ва "з" бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"е) таъмини дастрасии баробари занҳо ва мардҳо ба қитъаҳои замин;
ж) муқаррар намудани ҳадди ақалли иҷорапулӣ барои истифодабарии қитъаи замин, муқаррар намудани сервитутҳои оммавӣ (маҷбурӣ) ба қитъаҳои замин;
з) ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бемузд ё музднок додани ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он.".
8. Дар банди "а" қисми якуми моддаи 8 калимаҳои "мақомоти ҳокимияти маҳаллии шаҳрҳо ва ноҳияҳо" ба калимаҳои "мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳо ва ноҳияҳо" иваз карда шаванд.
9. Дар моддаи 81:
- дар номи модда калимаҳои "ҳокимияти маҳаллии" ба калимаҳои "мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии" иваз карда шаванд;
- дар қисми якум калимаҳои "Ҳокимияти маҳаллии" ба калимаҳои "Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии" иваз карда шаванд;
- дар банди "а" калимаҳои "ҳокимияти маҳаллии шаҳрҳо (ноҳияҳо)" ба калимаҳои "мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳо ва ноҳияҳо" иваз карда шаванд.
10. Қисми дуюми моддаи 9 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Риоя накардани қоидаҳои аз як гурӯҳ ба гурӯҳи дигар гузаронидани қитъаҳои замини пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои инҳо асос шуда метавонад:".
11. Ба моддаи 10 қисмҳои панҷум ва шашум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"Шахси воқеие, ки дар якҷоягӣ бо дигар шахсони воқеӣ ҳуқуқи истифодабарии қитъаи заминро дорад, пас аз татбиқи ҳуқуқи худ ба ҷудо намудани китъаи замин тибқи саҳми замини худ дар маҳал ҳуқуқи истифодабарандаи заминро соҳиб мешавад.
Ба қитъаи замине, ки ба истифодабарии он аз ҷониби заминистифодабаранда - шахси воқеӣ ҳангоми дар никоҳ будан бо ҳуқуқи бегона намудани он ҳуқуқ пайдо кардаанд, муқаррароти пешбининамудаи қонунгузории гражданӣ ва оила дар бораи моликияти умумии ҳамсарон татбиқ мегардад.".
12. Ба Кодекс моддаи 101 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 101. Ҳуқуқи маҳдуди истифодабарии қитъаҳои замини дигар заминистифодабарандагон
Ҳуқуқи маҳдуди истифодабарии қитъаи замин (минбаъд - сервитут) метавонад бо розигии тарафҳо (минбаъд - сервитути хусусӣ (ба розигӣ асосёфта) ё дар мавриди зарурат дар асоси қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳо ва ноҳияҳо (минбаъд - сервитути оммавӣ (маҷбурӣ) муқаррар карда шавад.
Сервитути оммавӣ (маҷбурӣ) ҳамчунин аз ҷониби суд аз рӯи даъвои шахс дар мавриди ба даст овардани созиш дар бораи муқаррар намудани сервитути хусусӣ (ба розигӣ асосёфта) метавонад муқаррар карда шавад.
Сервитути оммавӣ (маҷбурӣ) дар мавридҳое, ки он барои таъмини манфиатҳои давлат ва аҳолии маҳаллӣ зарур бошад, бе гирифтани қитъаҳои замин муқаррар карда мешавад.
Сервитути оммавӣ (маҷбурӣ) метавонад дар мавридҳои зайл муқаррар карда шавад:
- барои гузаштан, аз ҷумла бо нақлиёт тариқи қитъаи замин ба объектҳои истифодаи умумӣ, қабристон, мазорҳо ва дигар объектҳои хусусияти мазҳабидошта;
- барои истифодабарии муваққатии қисми қитъаи замин бо мақсадҳои таъмир ва хизматрасонии шабакаҳои коммуналӣ, муҳандисию техникӣ, барқӣ, инчунин объектҳои инфрасохтори нақлиётӣ;
- барои дар қитъаи замин ҷойгир намудани нишонаҳои марзию геодезӣ ва гузаргоҳ ба онҳо;
- барои обгирӣ ва обдиҳии чорво ва қитъаи замин, аз тариқи қитъаи замин аз як ҷой ба дигар ҷой рондани ҳайвонот;
- барои истифодабарии қитъаи замин бо мақсадҳои шикор, моҳигирӣ аз ҳавзҳои воқеи қитъаи замин, ҷамъоварии растаниҳои худрӯй дар мӯҳлатҳои муқарраргардида ва бо тартиби муқарраргардида;
- барои истифодабарии муваққатии қисми қитъаи замин бо мақсадҳои иҷрои корҳои ҷустуҷӯӣ, таҳқиқотӣ ва дигар корҳо;
- барои дастрасии озод ба заминҳои назди соҳил;
- дар ҳолатҳои дигари ба манфиатҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ алоқамандбуда.
Сервитути хусусӣ (ба розигӣ асосёфта) ба қитъаи замин бо розигии тарафҳо, дар мавриди пайдо гардидани баҳс миёни заминистифодабарандагон бошад, дар асоси қарори суд муқаррар карда мешавад. Шакли шартнома оид ба сервитути хусусӣ (ба розигӣ асосёфта) аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Истифодабарандаи қитъаи замине, ки ба он сервитути хусусӣ (ба розигӣ асосёфта) ё оммавӣ (маҷбурӣ) муқаррар карда шудааст, ҳуқуқ дорад аз шахсоне, ки сервитут ба манфиаташон муқаррар гардидааст, пардохти мувофиқро талаб намояд.
Агар муқаррар намудани сервитути оммавӣ (маҷбурӣ) истифодабарии қитъаи заминро номумкин гардонад, заминистифодабаранда ҳуқуқ дорад аз ӯ гирифтани қитъаи замин, аз ҷумла бо роҳи харида гирифтани ҳуқуқи истифодабарии ин қитъаи заминро бо ҷуброни зарар аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳо ва ноҳияҳо, ки сервитути оммавӣ (маҷбурӣ)-ро муқаррар намудаанд ё додани қитъаи дигари баробарарзиши заминро бо ҷуброни товони зарар талаб намояд.
Агар муқаррар намудани сервитути оммавӣ (маҷбурӣ) истифодабарии қитъаи заминро мушкил гардонад, заминистифодабаранда ҳуқуқ дорад аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳо ва ноҳияҳо, ки сервитути оммавӣ (маҷбурӣ)-ро муқаррар намудаанд, пардохти музди баробарарзишро талаб намояд.
Дар мавриди бегона намудани ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замини бо сервитут маҳдуд кардашуда ё ба дигар кас ба иҷора ё ба гарав додани ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин сервитут эътибори худро нигоҳ медорад.
Сервитуте, ки тибқи шартнома ба вуҷуд омадааст, метавонад ба мӯҳлати номуайян ё муайян муқаррар карда шавад. Сервитути оммавӣ (маҷбурӣ) метавонад бинобар аз байн рафтани асосҳое, ки тибқи онҳо сервитут муқаррар шуда буд, бо қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳо ва ноҳияҳо ё суд қатъ карда шавад.".
13. Ба қисми дуюми моддаи 13 пас аз калимаҳои "бист сол бошад" калимаҳои "ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс" илова карда шаванд.
14. Дар қисми якуми моддаи 14 калимаҳои "Заминистифодабарандагони якумдараҷа" ба калимаи "Заминистифодабарандагон" иваз карда шаванд.
15. Моддаи 15 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 15. Бақайдгирии давлатии қитъаи замин ва ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин
Бақайдгирии давлатии қитъаи замин ва ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он" амалӣ карда мешавад.".
16. Моддаи 16 хориҷ карда шавад.
17. Дар банди "в" қисми якуми моддаи 17 калимаи "миқдори" ба калимаи "андозаи" иваз карда шавад.
18. Ба Кодекс моддаҳои 171 ва 172 бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"Моддаи 171. Асосҳо барои пайдо кардани ҳуқуқ ба истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он
Асосҳо барои пайдо кардани ҳуқуқ ба истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он инҳоянд:
- додани қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
- пайдо кардани ҳуқуқ ба истифодабарии қитъаи замин дар бозори ҳуқуқи истифодаи замин тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- пайдо кардани ҳуқуқ ба истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он бо тартиби мерос ё бо роҳи ҳуқуққабулкунии умумӣ;
- дар натиҷаи аҳдҳои ҳуқуқии гражданӣ ва дигар асосҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо кардани ҳуқуқ ба истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он.
Ҳангоми аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадани шахс, ки дорои ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он мебошад, ин ҳуқуқ бояд ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бегона карда шавад.
Дар ҳолате, ки бо ин ё он сабаб бегона намудани ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин ғайриимкон аст ва ё бо хоҳиши шахсе, ки шаҳрвандиаш қатъ мегардад, ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бамузд баргардонида мешавад. Ҳангоми баргардонидани ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он ба соҳибҳуқуқ арзиши бозории ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он пардохт карда мешавад.
Моддаи 172. Маҳдудиятҳо оид ба вогузоштани ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он
Ҳуқуқи истифодабарии қитъаи заминҳое, ки таҳти объектҳои зерин қарор доранд, бегона карда намешаванд:
- мамнӯъгоҳҳои табиӣ ва боғҳои миллӣ;
- бино, иморат ва иншооте, ки аз ҷониби мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ истифода бурда мешаванд;
- муассисаҳои давлатӣ;
- агар дар ҳудудашон объектҳои об ҷойгир шуда бошанд;
- объектҳои осори пурарзиши таърихию фарҳангии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мамнӯъгоҳҳои таърихию фарҳангӣ ва объектҳои меросии археологӣ;
- барои таъмини эҳтиёҷоти мудофиа ва амният, саноати мудофиавӣ, гумрукӣ, ташкилотҳои алоқа ва нақлиёт, аз ҷумла фурудгоҳҳо, ки дар қисми мазкур нишон дода нашудаанд.
Ҳуқуқи истифодабарии қитъаҳои замини зерин дар гардиш маҳдуд карда мешавад:
- дар доираи ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшаванда, ки дар қисми якуми ҳамин модда нишон дода нашудаанд;
- аз таркиби заминҳои фонди ҷангал.
Бегона намудани ҳуқуқи истифодабарии қитъаҳои замини ҳудуди назди соҳил, ки тибқи Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд, инчунин қитъаҳои замине, ки дар онҳо ҳавз ва кӯлҳо дар ҳудуди мавзеи истифодаи умумӣ ҷойгир шудаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.".
19. Ба Кодекс моддаи 181 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 181. Қитъаҳои замини тақсимшаванда ва тақсимнашаванда
Қитъаи замин метавонад тақсимшаванда ва тақсимнашаванда бошад:
- қитъаи замини тақсимшаванда қитъаест, ки бе тағйир додани таъиноти мақсаднокаш ва бе вайрон намудани ҳолати зиддисӯхторӣ, санитарӣ, экологӣ, сохтмонӣ ва дигар меъёрҳо ва қоидаҳои ҳатмӣ мумкин аст ба қисмҳо, ки ҳар кадоми онҳо баъд аз тақсимот қитъаи замини мустақилро ташкил медиҳад, тақсим карда шавад;
- қитъаи замини тақсимнашаванда қитъаест, ки бе тағйир додани таъиноти мақсаднокаш ва бе вайрон намудани ҳолати зиддисӯхторӣ, санитарӣ, экологӣ, сохтмонӣ ва дигар меъёрҳо ва қоидаҳои ҳатмӣ ба қитъаҳои замини мустақил ҷудо шуда наметавонад.
Тақсимнашаванда будани қитъаи замин дар ҳуҷҷате, ки ҳуқуқи истифодабарии заминро тасдиқ менамояд, нишон дода мешавад.
Ҳуқуқи истифодабарии қисми қитъаи замини баъд аз тақсим ҷудокарда аз рӯзи бақайдгирии давлатии пайдо кардани ҳуқуқ ба он ба вуҷуд меояд.
Андозаи ҳадди ақалли қитъаи замини тақсимнашаванда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба сохти маъмурӣ - ҳудудӣ, гурӯҳ ва таъиноти замин муайян карда мешавад.".
20. Дар моддаи 19:
- сархати шашум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"- мустақилона бе дахолати мақомоти давлатӣ дар мавриди ҳуқуқи истифодабарии замини бо ҳуқуқи бегона намудани он гирифташуда (ба даст овардашуда) аҳдҳои ҳуқуқии гражданӣ (хариду фурӯш, тӯҳфа, иваз, гарав ва ғайра) банданд, ба истиснои муқаррароти Кодекси мазкур;".
- сархати ҳаштум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"- сервитути хусусиро (ба розигӣ асосёфтаро) ба қитъаи замин муқаррар намоянд;".
21. Ба моддаи 20 сархати дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- бо розигии иҷорагир замини ба иҷора гирифташударо ба иҷораи фаръӣ (субаренда) диҳад.".
22. Дар сархати шашуми моддаи 21 калимаҳои "мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия" ба калимаҳои "мақомоти дахлдори давлатӣ" иваз карда шаванд.
23. Матни моддаи 22 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Қитъаҳои замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дода мешаванд.
Тартиби додани қитъаҳои заминро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Андозаҳои ниҳоии (ҳадди ақал ва аксари) қитъаҳои замин аз заминҳои таъиноти гуногун, ки ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳуқуқи бегона намудани онҳо барои истифода дода мешаванд, ба истиснои ҳолатҳои дар моддаи 71 Кодекси мазкур пешбинигардида, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.".
24. Дар моддаи 23:
- дар қисми якум калимаҳои "истеҳсолоти кишоварзӣ" ба калимаҳои "истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ" иваз карда шаванд;
- қисми дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Ҳуқуқи истифодабарии қитъаҳои замини таъиноти кишоварзӣ бо ҳуқуқи бегона намудани онҳо танҳо ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бевосита дар истеҳсолоти кишоварзӣ иштирок доранд, дода мешавад.";
- қисми дуюм қисми сеюм ҳисобида шуда, дар он калимаҳои "мақоми давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин" иваз карда шаванд.
25. Дар қисми дуюми моддаи 24 калимаҳои "мақомоти геологӣ" ба калимаҳои "мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геология" иваз карда шаванд.
26. Дар моддаи 25:
- дар қисми дуюм калимаҳои "Заминҳое, ки" ба калимаҳои "Заминҳои таъиноти кишоварзӣ ва заминҳое, ки" иваз карда шаванд;
- қисмҳои сеюм, чорум ва панҷум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"Ҳангоми ба шахси воқеӣ ё ҳуқуқии хориҷӣ гузаштани ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замини таъиноти кишоварзӣ бо ҳуқуқи бегона намудани он ин ҳуқуқ бояд дар давоми як соли баъди пайдо кардани ҳуқуқ ба қитъаи замин ба фоидаи шахси воқеӣ ё ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бегона карда шавад.
Агар бо ягон сабаб бегона намудани ҳуқуқи истифодабарии чунин қитъаи замин ба фоидаи шахси воқеӣ ё ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриимкон бошад, ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба таври музднок, бо арзиши бозории ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин дода мешавад.
Дар сурати иҷро нагардидани талаботи қисмҳои сеюм ва чоруми моддаи мазкур гирифтани қитъаи замине, ки ҳуқуқи истифодабарии он ба шахси воқеӣ ё ҳуқуқии хориҷӣ гузаштааст, бо тартиби судӣ амалӣ карда мешавад.".
27. Дар моддаи 261 калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин" иваз карда шаванд.
28. Дар моддаи 27:
- қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Ҳангоми ба шахси дигар гузаштани ҳуқуқи моликият ба бино (иморат, иншоот) ҳуқуқи истифодаи қисмати қитъаи замин, ки ин бино (иморат, иншоот) дар он қарор дорад, ҳамчунин қисми ҳамшафати он қитъаи замине, ки барои хизматрасонии ин бино (иморат, иншоот) зарур аст, ба шахси ин бино (иморат, иншоот)-ро харида бемузд мегузарад. Қисми қитъаи замине, ки аз ҳудуди барои истифодабарӣ ва хизматрасонии ин бино (иморат, иншоот) зарур зиёд мебошад, бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври музднок мегузарад.";
- дар қисмҳои дуюм ва сеюм калимаҳои "мақоми давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин" иваз карда шаванд.
29. Дар моддаи 271 :
- қисми сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Агар қисми қитъаи замин ҳамчун қитъаи замини алоҳида тақсим нагардида, ҳуқуқи истифодабарӣ бо ҳуқуқи бегона намудани он тибқи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ тасдиқ нашуда бошад, гарави ҳуқуқи истифодабарии он иҷозат дода намешавад.";
- қисми сеюм қисми чорум ҳисобида шавад.
30. Дар моддаи 28 калимаҳои "мақомоти давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин" иваз карда шаванд.
31. Ба моддаи 33 қисми панҷум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Арзиши бозории ҳуқуқи истифодабарии қитъаҳои замин бо ҳуқуқи бегона намудани онҳо ҳамчун объекти муносибатҳои ҳуқуқии гражданӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.".
32. Дар моддаи 37:
- банди "з" бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"з) аз узвияти хоҷагии деҳқонӣ баровардан бо асосҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд.";
- қисми дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Дар ҳолати қатъ гардидани ҳуқуқи истифодаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он бо асосҳое, ки дар қисми якуми ҳамин модда муайян шудаанд, ба заминистифодабаранда нархи бозории ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замини ӯ ҷуброн карда мешавад.".
33. Ба Кодекс моддаи 382 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 382. Асосҳо ва тартиби ихтиёран даст кашидани шахс аз ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин
Ихтиёран даст кашидан аз ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо роҳи додани ариза аз ҷониби заминистифодабаранда дар бораи даст кашидан аз ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ карда мешавад.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қарори қатъ гардидани ҳуқуқи истифодабарии қитъаи заминро дар мӯҳлати як моҳ аз рӯзи додани ариза аз ҷониби заминистифодабаранда қабул менамояд.
Қарори қабулшуда оид ба қатъ гардидани ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин ба аризадиҳанда ва ба мақомоти ваколатдори давлатии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он дар мӯҳлати се рӯз барои бақайдгирии давлатӣ фиристонида мешавад.
Агар ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замини зикргардида бо ҳуқуқи бегона намудани он дода шуда бошад, ба заминистифодабаранда дар мӯҳлати як моҳ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо нархи бозорӣ ҷуброн карда мешавад.".
34. Қисми сеюми моддаи 39 дар таҳрири зайл баён карда шавад.
"Маҷбурӣ қатъ гардидани ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо асосҳои дар бандҳои "в", "г" ва "д" моддаи 37 Кодекси мазкур пешбинишуда танҳо дар асоси қарори суд амалӣ карда мешавад. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ё мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин ҳуқуқ доранд ба суд бо аризаи даъвогӣ дар бораи маҷбурӣ қатъ гардидани ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин танҳо баъд аз андешидани чораҳои ҷавобгарии маъмурӣ ва огоҳкунии хаттии заминистифодабаранда оид ба бартараф намудани камбудиҳо дар мӯҳлати на камтар аз се моҳ муроҷиат намоянд. Бақайдгирии давлатии бегонакунии ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин ҳангоми маҷбурӣ қатъ гардидани ин ҳуқуқ дар асоси қарори суд бо ҷуброн намудани нархи бозории ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин амалӣ карда мешавад.".
35. Дар моддаи 40:
- дар номи модда калимаи "Тартиби" ба калимаи "Шартҳои" иваз карда шавад;
- дар қисми якум калимаҳои "мақомоти маҳаллии заминсозӣ" ба калимаҳои "мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд;
- аз қисми дуюм калимаҳои "аз ҷумла хароҷоти зарурии" хориҷ карда шаванд.
36. Дар моддаи 41:
- қисми сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Бекор кардани ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани ҳуқуқи истифодабарии он барои эҳтиёҷоти давлатӣ ё ҷамъиятӣ метавонад баъди ба заминистифодабаранда ҷудо намудани қитъаи замини баробарарзиш бо ҳуқуқи бегона намудани он ва ҷуброни товони зарарҳои дигаре, ки дар қисми якуми моддаи мазкур пешбинӣ шудааст, амалӣ карда шавад.";
- қисми сеюм қисми чорум ҳисобида шавад.
37. Ба моддаи 45 пас аз калимаҳои "ва хоҷагии ҷангал" калимаҳои ", ба истиснои ҳуқуқи истифодабарии қитъаҳои замин бо ҳуқуқи бегона намудани онҳо" илова карда шаванд.
38. Дар моддаи 49 калимаҳои "мақомоти заминсозӣ" ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин" иваз карда шаванд.
39. Дар банди "а)" моддаи 50 калимаҳои "мақомоти заминсозӣ" ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин" иваз карда шаванд.
40. Дар сархати сеюми қисми дуюми моддаи 51 калимаи "тафтиши" ба калимаи "санҷиши" иваз карда шавад.
41. Қисми якуми моддаи 52 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Заминистифодабарандагон оид ба ҳифзи замин чорабиниҳои зеринро амалӣ менамоянд:".
42. Дар қисми якуми моддаи 55 калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти он дар маҳалҳо" ва "табиати" мувофиқан ба калимаҳои "мақоми ваколатдори батанзимдарории муносибатҳо вобаста ба замин ва сохторҳои маҳаллии он" ва "муҳити зисти" иваз карда шаванд.
43. Дар қисми чоруми моддаи 61 калимаҳои "мақоми давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо" ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин ва сохторҳои маҳаллии он" иваз карда шаванд.
44. Дар моддаи 71:
- дар номи модда ва қисми якум калимаҳои "ба оилаҳо" ба калимаҳои "ба шаҳрвандон" иваз карда шаванд;
- аз қисми якум калимаҳои "моддаҳои 26 ва 261" хориҷ карда шаванд;
- дар қисми чорум калимаи "оилаҳоро" ба калимаи "шаҳрвандонро" иваз карда шавад;
- ба эзоҳи модда ҷумлаи дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад: "Барои гирифтани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, бо назардошти фонди замини мавҷуда, шаҳрвандон - роҳбарони оилаҳои нопурра, инчунин шахсони танҳои болиғе, ки дар никоҳ қарор надоранд ва дар якҷоягӣ бо хешовандонашон зиндагӣ намекунанд, ҳуқуқ доранд.".
45. Дар моддаи 711
- дар номи модда калимаи "оилаҳо" ба калимаи "шаҳрвандон" иваз карда шавад;
- дар қисми чорум калимаи "Оилаҳое" ба калимаи "Шаҳрвандоне" иваз карда шавад.
46. Дар қисми сеюми моддаи 75 калимаҳои "мақоми давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо" ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин ва сохторҳои маҳаллии он" иваз карда шаванд.
47. Дар моддаи 99 калимаҳои "ҳукумати ноҳия" ба калимаҳои "мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 1 августи соли 2012, № 891
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид
намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 6 июни соли 2012, № 831
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 19 июли соли 2012, № 390
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 4.08.12 №: 101-102 Мутолиа карданд: 4052