барқияҳо
Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Маҳмуди Аҳмадинажод, Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон
13 август Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Маҳмуди Аҳмадинажод, Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:
Бо камоли андӯҳ ва даҳшат хабари заминларзаи фоҷеабори дар шимоли Эрони дӯст рухдодаро, ки мӯҷиби садҳо тан талафоти ҷонӣ ва ҳазорҳо захмӣ гаштааст, дарёфт намудам.
Ба намояндагӣ аз мардуми Тоҷикистон тасаллият ва ҳамдардии хешро барои қурбониёни ин ҳодиса иброз намуда, барои бозмондагон сабри ҷамил хоҳонам.
Парвардигор дар ин моҳи муборак гузаштагонро бо раҳмату мағфирати хеш фаро гирад ва наздикону азизони бозмондаро неруву тавон бибахшад.
Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиун.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.08.12 №: 107 Мутолиа карданд: 3429