мулоқотҳо
Қабули эътимоднома аз сафирони нав
8 август Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, аз сафирони нави Туркманистон, Ҷопон, Фаронса, Руминия, Африқои Ҷанубӣ ва Ордени Мухтори Малта эътимоднома қабул намуд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, пас аз қабули эътимоднома аз сафирони фавқулода ва мухтори давлатҳои Туркманистон, Ҷопон, Фаронса, Руминия, Африқои Ҷанубӣ ва Ордени Мухтори Малта ҳамаи онҳоро бо оғози иҷрои ин вазифаи муҳим дар Тоҷикистон табрик гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки бо фаъолияти пурсамари дипломатиашон ба рушду таҳкими муносибатҳои воқеан дӯстона ва ҳамкории судманди гуногунҷанба мусоидати фаъол хоҳанд кард.
Эмомалӣ Раҳмон Туркманистонро аз ҷумлаи шарикони муҳими Тоҷикистон дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил номида, изҳори итминон намуд, ки муколамаи сиёсии доимии ду кишвар дар рафти сафари қарибулвуқӯи Президенти Тоҷикистон ба Ашқобод идомаи бофайз хоҳад ёфт.
Аз раванди густариши муносибатҳои Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Фаронса, Ҷопон, Руминия ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ низ изҳори қаноат карда шуд. Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, аз ҷумла доир ба дастгириҳои пайвастаи Ҷопон аз рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон чунин гуфт: "Дар давоми бист соли истиқлолият мо дастгириву мусоидати беғаразонаи ҷомеа ва давлати Ҷопонро пайваста эҳсос мекардем ва онро ҳамеша қадрдонӣ менамоем".
Барои рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Африқои Ҷанубӣ, қабл аз ҳама, тавсеаи заминаи меъёрии ҳуқуқии он зарур шумурда шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба фаъолияти Ордени Мухтори Малта дар арсаи байналмилалӣ, ки дар пояи принсипҳои ғайрисиёсии гуманитарӣ ва бетарафӣ асос ёфтааст, баҳои баланд дода, ҳавасмандии Тоҷикистонро ба рушди ҳамкорӣ бо он таъкид дошт.
www.president.tj
* * *
Сафирони фавқулода ва мухтори давлатҳои Туркманистон, Ҷопон, Фаронса, Руминия, Африқои Ҷанубӣ ва Ордени Мухтори Малта баъд аз супурдани эътимодномаҳои худ ба Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо хабарнигорон ба дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳояшон бо Тоҷикистон изҳори хушбинӣ карданд.
Ин бардошти дипломатҳои хориҷӣ пас аз дидору гуфтугӯ бо Сарвари давлати Тоҷикистон, зимни қабули эътимодномаҳо ҳосил шудааст.
Аз ҷумла Чинор Рустамова, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, изҳор дошт, ки зимни мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон ҷараёни ҳамкориҳои кунунӣ ва таҳкими равобити минбаъдаи ду кишвари ба ҳам дӯст баррасӣ шудааст. Сафири нав ба ҳамкориҳои тиҷоратии ҳар ду давлат баҳои баланд дода, зикр намуд, ки дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Туркманистон 18 миллион долларро ташкил додааст. Зимнан рушди ҳамкориҳо дар бахши энергетика ва нақлиёту алоқа дар маркази таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифта, таҳкими робитаҳои фарҳангӣ, илму маориф, варзишу сайёҳӣ ба нафъи ҳар ду давлат дониста шудааст.
Дар ҳамин ҳол Шин Маруо, сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон, аз раванди ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҷопон изҳори қаноатмандӣ карда, зикр намуд, ки бо истифода аз ваколатҳои худ барои густариши заминаҳои нави ҳамкории ду кишвар саъй хоҳад кард.
- Феълан муносибатҳои сиёсии Руминия ва Тоҷикистон дар сатҳи зарурӣ қарор дошта, ҳамкориҳои гуногунсоҳаи ду кишвар дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ баёнгари дурнамои хуби равобити ҳар ду давлат аст, - изҳор дошт Николае Уреке, сафири фавқулода ва мухтори Руминия дар Тоҷикистон.
Бино ба гуфти Фабрисио Франческо Виначия, сафири фавқулода ва мухтори Ордени Мухтори Малта дар Тоҷикистон, дар назар аст, ҳамкориҳои дуҷониба асосан дар се замина - тандурустӣ, маориф ва фарҳанг ба роҳ монда шаванд.
Ҳамчунин сафирони фавқулода ва мухтори Фаронса ва Африқои Ҷанубӣ дар Тоҷикистон ба вусъати ҳамкориҳои ҳасана таъкид намуда, рушду тақвияти онро рисолати худ донистанд.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
"Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.08.12 №: 107 Мутолиа карданд: 2332