мулоқотҳо
Таъиноти кадрӣ дар мақомоти судӣ
13 август Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, 105 нафар мутахассисро, ки ба вазифаҳои пурмасъулият дар мақомоти судии ҷумҳурӣ пешниҳод шудаанд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Дар оғози мулоқот фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъин ва озод намудани кадрҳои ин соҳа қироат карда шуд. Ҳамин тариқ 42 нафар коромӯзи соҳа бори нахуст ба вазифаи судя таъин карда шуд, ки 13 нафари он занону духтарон мебошанд. Ҳамагӣ 24 нафар занону духтарон имрӯз ба вазифаҳои гуногун дар мақомоти судӣ таъин шуданд, ки нишона аз татбиқи босамари сиёсати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа мебошад. 63 нафар кадрҳои роҳбар ва судяҳои мақомоти вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ, аз ҷумла раисони судҳои шаҳру ноҳияҳои Ванҷ, Мурғоб, Темурмалик, Носири Хусрав, Сарбанд, Қумсангир, Ваҳдат, Роғун, Файзобод, Нуробод, Тавилдара, Тоҷикобод, раиси Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон иваз карда шуданд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, зимни суҳбат бо онҳо аз воқеаҳои нангини ба ҷинояту қонуншиканӣ даст задани худи кормандони суд ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ёдовар шуда, аҳли нишастро ба кори содиқонаю софдилона, риояи адолати судӣ ва сазовор будан ба боварию эътимоди роҳбарияти давлату Ҳукумат ва мардуми кишвар ҳидоят намуд. Тавре таъкид гардид, "вазифа бо амру фармон дода мешавад, вале соҳиби обрӯ ва ҳурмату эҳтиром шудан танҳо ба кирдору рафтор ва муносибату муоширати худи соҳибмансаб вобастааст".
Аҳли нишаст аз 100 фоиз зиёд шудани маоши кормандони мақомоти судӣ дар соли 2011, афзун гардидани воҳидҳои штатӣ ва дигар дастгириҳои Сарвари давлат аз ин соҳа ёдовар шуда, уҳдадор шуданд, ки барои сазовор будан ба мақоми судя ва дигар вазифаҳои ин соҳа пайваста ҷаҳду талош хоҳанд кард.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.08.12 №: 108 Мутолиа карданд: 2404