барқияҳо
14 август Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Осиф Алӣ Зардорӣ, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон, барқияи шодбош ирсол намуд, ки дар он омадааст:...
Ҷаноби Олӣ,
Ниҳоят масрурам, ки Шумо ва мардуми дӯсти Покистонро ба ифтихори ҷашни фархундаи миллӣ – Иди истиқлоли кишвар сидқан табрику таҳният гӯям.
Боиси қаноатмандист, ки муносибатҳои байнидавлатӣ ва ҳамкории гуногунарсаи судманди кишварҳоямон дар ду – се соли охир ба таври муассир густариш ёфта, тобишҳои ҷадиду созанда пайдо кардаанд.
Ҷониби Тоҷикистон, мисли ҷониби Покистон, ба иҷрои комили аҳду паймонҳои ҳосилшудаи дуҷониба аҳамияти хос дода, итминон дорад, ки бо саъю эҳтимоми ҳарду ҷониб ҳамкориҳои ду кишвари дӯсту ҳамсоя дар шаклҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, ба хотири таҳкими сулҳу субот ва равобити судманди созанда дар минтақа, ба пояҳои баландтари рушду тавсеа хоҳанд расид.
Бо арзи табрики муҷаддад, ба Ҷаноби Олӣ сиҳатии комил ва комёбиҳои навин ва ба мардуми дӯсти Покистон амну субот, ҳаёти осудаю босаодат ва пешрафту рифоҳ таманно дорам.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.08.12 №: 108 Мутолиа карданд: 3386