барқияҳо
15 август Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Пранаб Мукерҷӣ, Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон, барқияи шодбош ирсол намуд, ки дар он омадааст:...
Ҷаноби Олӣ,
Сарфарозам, ки Шумо ва мардуми дӯсти Ҳиндустонро ба муносибати ҷашни солгарди истиқлоли кишвар табрику таҳният гӯям.
Мамлакатҳои мо тӯли чандин садсолаҳо робитаҳои гуногунҷанбаи таърихӣ доштанд. Ин таҷрибаи муфиду бузург тақозо менамояд, ки дар шароити имрӯза низ мо ҳамкориҳои судманди гуногунарсаро рушду густариш бахшида, сатҳи онро ба зинаҳои баландтар бардорем.
Дастовардҳои назарраси кишвари фарҳангпарвари Ҳинд дар самтҳои гуногун ва боло рафтани нуфузи байналмилалии он боиси хурсандии мост.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, мисли пешина, муътақид бар он аст, ки ҳамкории васеъ ва мутақобилан судманди бунёдии ду кишвари дӯст на фақат ҷавобгӯи манфиатҳои миллии онон, балки омили муҳими суботу истиқрор ва пешрафти минтақа мебошад. Итминон дорам, ки дар оянда низ ба хотири пешрафти ин раванди созанда ҳар ду ҷониб саъю эҳтимом ва кӯшишҳои пайвастаи хешро дареғ нахоҳанд дошт.
Бо ибрози таманниёти беҳтарини пешрафту шукуфоӣ ба мардуми дӯсти Ҳиндустон, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, сиҳатии комил, хушрӯзӣ ва дастовардҳои навин хоҳонам.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.08.12 №: 108 Мутолиа карданд: 3399