logo

маориф

ТОҶИКОБОД. АВЛАВИЯТ БА КАСБОМӮЗӢ


Хонандагону омӯзгорони  муассисаи таҳсилоти умумии № 8-и деҳаи Сари пули  ноҳияи Тоҷикобод дар арафаи 26 - умин солгарди  Истиқлолияти давлатӣ туҳфаи муносиб гирифтанд. Ин ҷо бинои устохона дар ҳаҷми се синфхона барои машғулиятҳои таълими меҳнат ва касбомӯзӣ, аз қабили коркарди чӯб, дӯзандагӣ ва хӯрокпазӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Бино аз тарафи Фонди рушди Тоҷикистон ва Агроаксияи Олмон бо маблағгузории бештар аз 702 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст.
Дар ҳар як синфхона барои 25 нафар таҷҳизоти зарурӣ фароҳам оварда шудаанд. Аз ҷумла, дар синфхонаи дуредгарӣ  асбобҳои  барқӣ ва дастии коркарди чӯб, дар синфхонаи хӯрокпазӣ  лавозимоти пухту паз ва дар синфхонаи дӯзандагӣ мошинаҳои дарздӯзӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ муҳайё гардидаанд, ки дар як вақт дар ҳар синфхона то 25 нафар ба таълим фаро гирифта мешавад. Дар ҳама синфхонаҳо проекторҳо насб гардида, тавассути онҳо маълумоти зарурӣ ва расму видеоҳо вобаста ба касбҳо  ба хонандагон пешниҳод карда мешаванд. То бунёди устохона бо маблағгузории Агроаксияи Олмон омӯзгорони фанни таълими меҳнат дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ курсҳои омӯзиширо хатм карда, соҳиби малака гардиданд
Сохтмони бино моҳи июли соли 2016 оғоз гардида, аз тарафи ҶДММ - и «Соҳибкор» бо ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ бо сифати баланд сохта ба истифода дода шуд.
Ба муносибати ба истифода супурдани бинои устохона дар муассисаи таълимӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин маросим раиси ноҳия Нодираи Маҳмадисо, намояндагони  Сафорати Олмон ва Бунёди маблағгузории иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, волидайн ва хонандагон суханронӣ намуда, бунёди иншооти навро ғамхории навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нисбати соҳибкасб гардидани насли ҷавон маънидод карданд.
Ҷои зикр аст, ки солҳои охир Бунёди маблағгузории иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сармояи Созмони ҳамкориҳои Олмон дар назди муассисаҳои таълимии чор деҳаи ноҳия низ биноҳои дуошёнаи таълимӣ  сохтаанд, ки имрӯзҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд.

Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.09.2017    №: 193-194    Мутолиа карданд: 2291
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед