ҳукумат
Таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ коҳиш ёфт
28 декабри соли 2009 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар кори он беш аз 45 масъалаи муҳим баррасӣ шуд.
Дар оғози маҷлис нахуст нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2010 тасдиқ ва қарор дар бораи тадбирҳои иҷрои Буҷети давлатӣ барои соли 2010 қабул карда шуд.
Сипас ҳисоботи раиси вилояти Суғд оид ба истифодаи самараноки замин дар солҳои 2007, 2008 ва 10 моҳи соли 2009 шунида шуд.
Аз ҷумла зикр гардид, ки кишоварзӣ аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт дар вилояти Суғд буда, ҳиссаи он дар ҳаҷми умумии маҷмӯи маҳсулоти минтақавии вилоят дар соли 2008 30,4% - ро ташкил дод. Баҳри иҷрои супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи пурсамар аз заминҳои корам ва рӯёндани 2 ва зиёда ҳосил аз заминҳои обӣ дар соли 2009 майдони кишти такрорӣ нисбат ба солҳои 2007 ва 2008 тадриҷан афзуда, ба 50 ҳазор гектар расонда шуд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ афзуд ва таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ коҳиш ёфт.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти вилояти Суғд ва вазорату идораҳои дахлдори мамлакат оид ба истифодаи босамар аз заминҳои корам, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партов, хусусан заминҳои обӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии замин, пешгирӣ аз тақсими ғайриқонунии қитъаҳои замин ба аҳолӣ барои сохтмони манзил, рушди тухмипарварӣ, барқарорсозии боғоти кӯҳна ва бунёди боғҳои нав, хусусан зардолубоғҳо, ҷалби сармоягузорӣ барои тармиму навсозии шабакаҳои мелиоративӣ ва доир ба дигар корҳои муҳим супоришҳои мушаххас дод.
Дар маҷлиси Ҳукумат ҳамчунин раиси ноҳияи Файзобод оид ба рафти татбиқи нишондодҳои Барномаи давлатии рушди парандапарварӣ барои солҳои 2007 – 2015 ҳисобот дод.
Аз ҷумла зикр гардид, ки то 1 – уми ноябри соли равон дар ноҳия 469 247 сар паранда парвариш меёбад ва шумораи зиёди он ба ҶС «Мурғи ҳилол» рост меояд. Дар ин корхона то имрӯз аз 32 мурғхонаи валангоргашта 22 – тоаш пурра барқарор карда шудааст ва дар онҳо зиёда аз 276 ҳазор сар мурғ парвариш меёбад. Роҳбарияти ноҳия, ҶС «Мурғи ҳилол» ва ҶС «Мурғи марҷон» нақша доранд, ки барқарорсозии мурғхонаҳои боқимондаро низ дар муддати кӯтоҳ ба поён расонда, парвариши мурғи гӯштӣ, мурғи тухмзо ва чӯҷабарориро низ дар ҳамин ҷо ба роҳ монанд, то арзиши аслии маҳсулоти паранда, аз ҷумла тухм ва гӯшти он паст шавад. Тибқи нақша саршумори паранда дар ноҳия то охири соли 2010 бояд ба 750 ҳазор расонда шавад.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони соҳаи парандапарварӣ супориш дод, ки дар зарфи як соли оянда тадбирҳо амалӣ намоянд, то бозори истеъмолӣ бо тухм ва гӯшти паранда аз дохили мамлакат таъмин гардад.
Барномаи истеҳсоли маҳсулоти кӯдакона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2015, Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ВМКБ ва як зумра барномаю дигар санадҳо, ҳамчунин оиннома, сохтори идоракунӣ, тартиби ба муомилот баровардани саҳмияҳо ва сертификатҳои саҳмияҳо, шаклҳои саҳмияҳо ва сертификатҳои саҳмияҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» тасдиқ карда шуданд.
Лоиҳаҳои як қатор қонунҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ» ва ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гаштанд.
Дар охири маҷлис Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои соли равон дар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, омодагӣ ба хариди саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун, истифодаи ҳадафноки маблағҳои ба сохтмони ин нерӯгоҳ равонагашта, таъмини таътили зимистонаи мактаббачагон, риояи қоидаҳои зиддисӯхторӣ дар рӯзҳои истиқболи соли нави милодӣ ва доир ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳ супоришҳои мушаххас дод.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5573