logo

ҳуқуқ

ҲАЛНОМА ДАР РӮИ КОҒАЗ МОНД Ё ЧАРО "ЗАМИНФУРӮШ" ЗАРАРИ РАСОНДААШРО БАРҚАРОР НАМЕКУНАД?

Соли 2010 Манзура Кабирова, сокини деҳоти Баҳори шаҳри Ваҳдат, қарори ғайриқонуние оид ба ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба миқдори 0,06 гектар дар маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанберо ба ман дода, 6 ҳазор доллари ИМА-ро аз ман гирифт. Пас аз он ки донистам қарор қалбакиву ғайриқонунист, аз ӯ талаб кардам, ки маблағро баргардонад. Вале, ӯ саркашӣ кард, ки боиси баҳси судӣ шуд.

Ҳамон сол ба суди шаҳри Ваҳдат муроҷиат кардам. Даъвои ман нисбат ба Манзура Кабирова бо ҳалномаи суд аз 14 декабри соли 2010  оид ба рӯёндани маблағи қарзӣ қонеъ гардид. Мувофиқи он аз ҳисоби қарздор М. Кабирова ба фоидаи ман бояд 6000 доллари ИМА рӯёнда шавад. Баъди ба қувваи қонунӣ даромадани санади судӣ ҳуҷҷатҳои иҷроиш ба иҷрочии суд вогузор гардид. Аммо маблағ рӯёнда нашуд. Боз ба суди мазкур муроҷиат кардам. Баҳри иҷроиши санади судӣ бо  қарори суди шаҳри Ваҳдат аз 21 июни соли 2011  ҳама гуна амволи ба қарздор тааллуқдошта ба ҳабс гирифта шуд.
Қарздор М. Кабирова аз ҳисоби иншооти дар ихтиёрдоштааш, яъне автомашинаи сабукрав, мағозаи фурӯши маводи хӯрока, инчунин, манзили истиқоматиаш,  воқеъ дар шаҳри Ваҳдат уҳдадор шуда буд, ки маблағи маро баргардонад. Аммо бо сабабҳои номаълум иҷрочии суд онро иҷро накард. Ҳатто автомашинаи ҳабсшударо боз ба соҳибаш баргардонданд.
Маҷбур шудам ба мақомоти прокуратура муроҷиат намоям. Дар пайи аризаи ман прокуратураи шаҳри Душанбе нисбат ба Манзура Кабирова бо моддаҳои 247, қисми 4, банди «б» ва 340 қисми 2, бандҳои «а, б, в» - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, аз рӯи тобеият ба прокуратураи шаҳри Ваҳдат ирсол кард. Дар рафти тафтиши пешакӣ маълум шуд, ки М. Кабирова шаҳрванд Х. Ҳаитоваро низ фиреб дода, 2100 долларашро гирифтааст.
Баъд аз анҷоми тафтишот парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба М. Кабирова ба суд рафт ва суди шаҳри Ваҳдат ӯро 12 сол аз озодӣ маҳрум кард. Аммо бо назардошти он ки М. Кабирова ин ҷиноятро пеш аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», таҳти № 764 аз 20 августи соли 2011  содир карда буд, нисбат ба ӯ  меъёри қисми 1 моддаи 24 қонуни мазкур татбиқ шуда, бидуни ҷуброни зарар аз адои ҷазо озод гардид.
Мутаассифона, суд талаботи дар қисми 4 моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» пешбинишударо мадди назар карда, ғайриқонунӣ маҳкумшуда М.  Кабироваро аз адои ҷазои таъйиншуда озод намудаанд ва то ҳол пули маро барнагардондааст. Вобаста ба ин ҳолат, чандин маротиба ба унвони Прокуратураи генералӣ, Суди Олӣ ва Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кардам, вале то ҳол натиҷае нест, пуламро намедиҳад, намедонам додамро ба кӣ гӯям.

Давлатбӣ ТУГУМШОЕВА, сокини шаҳри Ваҳдат


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.12.2019    №: 238    Мутолиа карданд: 1107
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед